Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

менеҷмент чуқур омӯхта шавад. Бо ин мақсад ҳар намуди таваккалро алоҳида дида мебароем.

Таваккали маркетингӣ – стратегияи мушаххаси ташкилот, ки дар асоси аз даст додани ҳиссаи бозор, кам шудани ҳаҷми фурӯш ва фоидаи корхона, инчунин эҳтимолияти пайдоиши тағйирёбии негативӣ дар муҳити беруна, афзоиши нарх ба барандагони энергия ва ғайра пайдо мегардад.

Таваккали молиявӣ – аз рӯи ҳаҷми зиёди зарар, камшавии даромади қоғазҳои қимматнок, дар натиҷаи бӯҳрони молиявӣ ва пастшавии қурби арзи хориҷӣ пайдо мегардад. Таваккали молиявӣ нисбат ба дигар намудҳои таваккали тезтағйирёбанда ва гуногун мисли: фонди қарзӣ, арзи хориҷӣ, бозорӣ, беқурбшаванда ва ғайра мебошад.

Таваккали истеҳсолӣ – дар ҳолати зиёд шудани хароҷоти ҷории корхона нисбат ба нақшаи тиҷорат бо сабабу ҳолатҳои номаълум қабул карда мешавад.

Акнун намудҳои таваккали иҷтимоӣ ва иқтисодиро дида мебароем, ки бештар дучор мешаванд:

Таваккали иқтисодӣ:
❖ гум кардани боигарии миллӣ;
❖ паст шудани қобилияти рақобатнокии мамлакат;
❖ паст шудани диққатҷалбкунандагии инвеститсионии иқтисодӣ;
❖ кам шудани ҳаҷми МДМ ба ҳар сари аҳолӣ;
❖ зиёд шудани дараҷаи беқурбшавӣ.

Таваккали иҷтимоӣ:
❖ кам шудани таъминоти иҷтимоии аҳолӣ;
❖ зиёд шудани беморӣ ва муриши аҳолӣ;
❖ ҳолати бади демографӣ;
❖ паст шудани дараҷаи маълумотнокии аҳолӣ.

Таваккали экологӣ:
❖ ифлосшавии муҳити зист;
❖ буриши ҷангалҳо, эрозияи хок.

Таваккали сиёсӣ:
❖ тағйир ёфтани сиёсати иқтисодӣ;
❖ хавфи муноқишаҳои миллӣ;
❖ моратория ва эмборги тиҷоратӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ