Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар робита ба афкори роҳбарони бахши соҳибкорӣ маълум мегардад, ки ҷараёни тайёрӣ ва қабули қарор ҳамагӣ 20-25% вақти кории онҳоро мегирад. Хронометражи мутахассисони бахши «рафтори ташкилӣ», нишон медиҳад, ки аксар маврид роҳбарон барои қабули қарор ҳамагӣ 10-15% вақти худро сарф мекунанду халос. Ҳатто, ҳолатҳое мешавад, ки қарори идоракунӣ яку якбора ба фикри онҳо омада, дар муддати кӯтоҳ қабул мешавад. Аммо, аз ҳама давраи мураккаб ва дурударози он давраи амалӣ гардонидани қарори идоракунӣ ва назорати иҷрои он мебошад.

Технологияи коркард ва амалӣгардонии қарори идоракунӣ. Ҷараёни коркард ва амалӣгардонии қарори идоракунӣ фаъолияте мебошад, ки аз рӯи технологияи муайян ва истифодаи системаи барномавии ахбор доир ба муайян кардани ҳолатҳои идоракунӣ бо роҳи ташаккулёбӣ ва амалӣ гардонидани таъсиррасонӣ ба объекти идора амалӣ мегардад.

Ба раванди ташкилии ин ҷараён ҷамъи қонуният ва пайдарпайии иҷрои онҳо дар муҳити муайяни вақт, ки дар алоқаи бевосита ва баръакс амалӣ мегарданд, дохил мешавад. Чунин як системаи такроршавандаро дар илми менеҷмент раванди технологияи ташкили иҷрои қарори идоракунӣ меноманд.

Барои фаҳмиши мураккабии ҷараёни қабули қарори идоракунӣ мо бояд ду ҳолати муҳимро ҷудо намоем:

  1. Ҳолатҳое, ки дар ҷараёни қабули қарори ташкили аъзоёни коллектив, мутахассисон ба ҳолати ҳақиқӣ не, балки ба ҳолате, ё моделе, ки бори аввал мебинанд, рӯбарӯ мешаванд. Чунин моделҳо дар шакли навиштаҷоти графикӣ ва дигар нақшаҳо, ки мафҳумҳоро ифода мекунанд, нишон дода мешаванд.

  2. Ҳолате, ки дар ҷараёни қабули қарор барои ташкили идоракунӣ бо ҷустуҷӯ, фаҳмиш ва омӯзиш сурат мегирад.

Яке аз усулҳои самараноки қабули қарори идоракунӣ усули абстрактивии ҳолатҳо мебошад. Он аз ҳамаи вариантҳои мавҷудбуда интихоб карда гирифтани модели самараноки идоракунӣ дар назар дошта мешавад.

Усули дигаре, ки дар вақти иҷрои қарори идоракунӣ истифода карда мешавад, истифодаи моделҳои риёзӣ ва барномасозӣ мебошад.

пешина
аз 465
навбатӣ