Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
натиҷагирии қарори идоракуниро пешгӯй кардан хеле мушкил аст, махсусан, дар шароите, ки суръати баланди ивазшавии ҳолатҳо мушоҳида мешавад. Асосан менеҷерҳо вақте ки дар ин ҳолатҳо меафтанд, ҳаракат менамоянд, ки ахбори иловагиро бо роҳу усулҳои озмоишӣ, ё ин ки муҳокимаи масъала бо экспертҳо ахбор дастрас намоянд.
Мафҳуми муайяни вобаста ба шароити коркард ва қабули қарори идоравӣ мебошад, агар роҳбар пурра ва аниқ ахбори идоракуниро дошта, дар бораи натоиҷи он ҳисобҳои асосноки худро соҳиб бошад. Масалан, маълум аст, ки афзоиши мавод ва қувваи корӣ дар корхона дар 6 моҳи оянда чӣ тавр сурат мегирад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳолатҳои пурраи муайянӣ дар корхонаҳо кам дида мешаванд.
Мафҳуми таваккал дар иқтисодиёт дар навбати аввал «зарар диданро» бо худ дорад. Яъне, эҳтимолияти зараре, ки вобаста ба номуайянии ҳолат ба даст дароварда мешавад, дувум гирифтани фоидае мебошад, ки дар натиҷаи кам кардани эҳтимолияти таваккал ва ҷорӣ намудани навоварӣ ба даст дароварда мешавад.
Дар менеҷмент фаҳмиши мафҳуми «таваккал» пеш аз ҳама ба хислат ва мураккабии мушкилӣ, шароити қабули қарор ва ҳолати он нигаронида шудааст.
Таваккали идоракуниро ҳамчун хислатномаи фаъолияти идоракуние, ки дар шароити номуайяни қабул карда шудааст, бо сабаби кам будани ахбор, инчунин ҳамчун ченаки самаранокие, ки бо эҳтимолияти шароитҳои манфии иҷрои қарор вуҷуд дорад, фаҳмидан мумкин мебошад.
Андозаи зарари ташкилот, ки дар натиҷаи фаъолияти идоравӣ дар шароити номуайян қабул шудааст, нархи таваккал, ё ин ки маблағи таваккал меноманд.
Таваккал дар натиҷаи раванди фурӯши маҳсулот, ё ин ки хизматҳо пайдо шуда, ҳамчун натоиҷи фаъолияти роҳбар баромад мекунад. Моҳият, мазмун ва хислати пайдоиши таваккал дар фаъолияти корхона имкон медиҳад, ки табиати таваккал ҳамчун категорияи иқтисодӣ муайян карда шавад.
Дар таҷрибаи менеҷмент тавсифҳои зерини таваккал дида мешаванд:
андозаи эҳтимолияти зарар, ё ин ки фоида аз фаъолияти таваккалӣ;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо