Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дараҷаи муайяни таваккалӣ мебошад, дар ҷамъбасти кори менеҷмент натиҷаи хуб медиҳад, хоҳ он самаранок бошад, хоҳ ғайрисамаранок. Мо мушкилиҳои идоракунии ҷараёни навоварӣ ва таваккалро дар қисми ояндаи китоб дида мебароем.
10.4. Ташкили идоракунии таваккалкории менеҷмент
Ҳар як фаъолияти идоракунӣ то андозае бо худ дараҷаи таваккалиро дорад, ки он ба хислату дараҷаи объекти идоракунӣ, муҳити берунаи он, инчунин мақоми шахсият дар ҷараёни таъсиррасонӣ вобаста мебошад.
Мафҳуми «таваккал» чандтарафа мебошад. Аз ин рӯ, фаҳмиши онро дар омӯзиши илми идоракунӣ мо бояд дар алоқамандии чунин фаҳмишҳо: номуайянӣ, эҳтимолият, шароити норавшан, шароити таваккал биомӯзем.
Мувофиқи ақидаи риёзидонон номуайянӣ гуфта, ҳолате меноманд, ки натиҷаи фаъолият аз рӯи эҳтимолияти вариантҳои гуногун маълум мегардад. Таваккал ҳамон вақт пайдо мегардад, ки агар фаъолият ба интихоби вариантҳое равона карда шуда бошанд, ки эҳтимолияташ маълум мебошад.
Мафҳуми таваккал ва номуайянӣ дар назарияи бозиҳо, барномасозӣ бисёртар истифода бурда мешавад. Солҳои охир он дар иқтисодиёт, сиёсат, назарияи идоракунии менеҷмент, инчунин дар соҳаи ҳуқуқ ва суғурта истифода карда мешаванд.
Ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон ҷараёни зарурати тадқиқоти таваккали соҳибкорӣ, молиягузорӣ, суғурта ва бонкиро ба миён овардааст.
Новобаста ба ин, мушкилоти таваксалкорӣ то ҳол пурра омӯхта нашудааст. То ҳол моҳияти таваккали соҳибкорӣ, шаклҳо, соҳаҳои истифодабарӣ ва воситаҳои идораи он ба таври кофӣ омӯхта нашудаанд.
Таваккал ва номуайянӣ ҳамчун қисми таркибии фаъолияти хоҷагӣ ва идорагӣ мебошад. Номуайянӣ ҳамчун ҳолате баҳо дода мешавад, ки эҳтимолияти натиҷагирии он маълум нест. Аксар маврид чунин ҳолатҳое мешаванд, ки омилҳои таъсиррасонанда бори аввал пайдо мегарданд ва дар бораи онҳо ахбори аниқ гирифтан ғайриимкон мебошад. Бинобар ин,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо