Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Талаботи дуюми иҷрои қарор ин самаранокии он мебошад, яъне, самарае, ки аз амалӣ гардонидани қарор ба даст дароварда мешавад, бояд, ки хароҷотро пӯшонида, фоида ба даст оварда шавад.
Усулҳо ва роҳҳое, ки дар вақти иҷрои қарор истифода карда мешаванд, бояд аниқ бошанд ва барои натиҷаи дилхоҳ ба даст даровардан кӯмак расонанд.
Талаби сеюм, усули иҷрои қарор буда, бояд, ки хато набошад ва ҳатто дараҷаи ночизи таваккалро таъмин намояд.
Муваффақияти ҳалли мушкилот аз таъсири 3-гурӯҳи омилҳо вобаста аст: ташкилӣ, моддӣ ва фардӣ.
Ба омили ташкилӣ қобилияти корхона, ки барои иҷрои қарор мутобиқ шуда, масоилҳоро муайян намуда, вақти иҷрои онро аниқ менамоянд ва роҳҳои иҷроишро ташкил мекунад, дохил мешавад. Агар сохтори ташкилӣ кори хуб бошад, коргарон пешгӯии мусбиро интизор бошанд, он гоҳ қарор иҷрошаванда мебошад. Вале, агар чунин муҳит пайдо нашавад, он гоҳ мумкин аст, ки қарор иҷро нашавад.
Ба омили моддӣ иҷрои қарор он захираҳое ки барои иҷро шудани қарор кӯмак мерасонанд: захираҳои табиӣ, технологӣ, техникӣ, ахборӣ, иқтисодӣ дохил мешаванд.
Омили фардӣ, ки ба иҷрои самараноки қарор таъсир мерасонад, дараҷаи зарурии ихтисосмандии роҳбарон, таҷриба, дониш, дараҷаи дарки масъала аз тарафи мутахассисони бахши идоравӣ ба шумор меравад.
Яъне, агар дар корхона фазои солими ақлонӣ вуҷуд дошта бошад, қадрдонии дараҷаи зеҳнии ҳар як мутахассис дида шавад, агар мақсад, инчунин натоиҷи иҷрои фаъолият баҳо дода шавад, он гоҳ муҳити инфиродии иҷрои қарор имконпазир мебошад.
Таъсири манфӣ ба самаранокии қарор омили субъективӣест, ки фақат такя ба таҷрибаи шахсии худ мекунад, интуисия, симпатия ё худ антипатия барои коре, чизе, ё касеро дар мадди аввал мегузорад. Чунин вазъият муҳити носолимро дар корхона пайдо карда, барои ҳалли масъалаҳои муҳими идоравӣ халал мерасонад.
Ҳамин тариқ, сарфи назар аз камбудиҳо ва таъсири омилҳои гуногуни дохила ва беруна қарори идоракуние, ки ба навоварӣ равона карда шуда, дорои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо