Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Идоракунии иҷрои қарор. Ҷараёни қарори идоракунӣ дар давраи қабули он ба охир нарасида, балки дар давраи нав - давраи ниҳоӣ, яъне иҷроиши қарор ҷамъбаст мегардад.

Барои иҷрои самараноки қарори идоракунӣ пеш аз ҳама номгӯи корҳо ва захираҳо муайян карда шуда, баъдан иҷрокунандагон ва мӯҳлати иҷроиши қарор маълум мегардад. Агар сухан дар бораи қарори хеле ҳам зарур равад, он гоҳ зарур аст, ки коркарди барнома ва иҷрои он талаб карда шавад. Яъне, кай, дар куҷо, кадом амалиётҳо бояд иҷро намояд, то ки иҷрои қарор амалӣ гардад.

Вазифаи роҳбар дар ин давра мушоҳида намудани рафти иҷрои қарор буда, агар зарурат пайдо шавад, тағйирот ва иловаҳо дохил менамояд.

  1. Назорат ва баҳои натиҷа. Баъд аз он ки қарор дар зинаи иҷроиш амал мекунад, раванди идоракунӣ мебоист қатъ нагардад, то он даме ки боварӣ ҳосил накунем, ки қарори қабулкардаи мо мусбат аст ё не? Яъне, иҷрои ин қарор барои ташкилот фоида овардааст ё не? Ин мақсад аз он иборат аст, ки мо бояд аниқ кунем, ки оё он чизе ки мехостем ба даст овардем ё не?

Ҳаминро бояд қайд кард, ки қарор доимо хислати муваққатиро дорад. Мӯҳлати самаранокии таъсири онро то давраи доимияти ҳолати мушкил ҳисоб намудан зарур мебошад. Баъди гузаштани вақти муайяншуда қарор мумкин аст, ки дигар самара надиҳад ва барои иҷрои кор халал расонида, вазъиятро мураккаб созад. Бинобар ин, вазифаи асосии назорат муайян кардани самаранокии қарор, бартараф кардани камбудиҳо ва дар ҳолати пайдо шудани масоилҳо, боз қабули қарори нави идоракунӣ маҳсуб мешавад. Ғайр аз ин, давраи мазкур ҳамчун сарчашмаи ҷамъ шудан ва ба система даромадани таҷрибаи қарори идоравӣ мебошад.

Мушкилии назорати қарори идоракунӣ хеле ҳам рӯзмарра буда, махсусан барои корхонаҳои калон муҳим мебошад.

Дар таҷриба бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки қарорҳои бошуурона қабул менамоем, аммо бо сабаби ташкили нодурусти системаи назоратӣ иҷрои онҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

  1. Иҷрои қарор. Тарзу усули иҷрои қарор бевосита аз мазмун ва шароитҳои объективӣ, ки ин қарор амалӣ мегардад, вобастагӣ дорад, на аз хоҳиш ва кордонии роҳбарону коргарон. Талаботи қарор бояд амалишаванда бошанд.
пешина
аз 465
навбатӣ