Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар таҷриба ҳодисаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки шакли ҳалли мушкилиҳо аллакай пешакӣ маълум мебошанд. Вале боз ҳолатҳое низ мешавад, ки масъала бори аввал ба миён меояд, ё ин ки он хеле мураккаб ва нофаҳмо буда, хароҷоту натиҷагирии он маълум нест. Дар чунин ҳолатҳо муҳокимаи коллективии ин масъала аз фоида холӣ набуда, шакли интихобии он пешниҳод мегардад.

  1. Интихоби шакл. Баъди кор карда баромадан шаклҳои гуногуни ҳалли масъала ба мо зарур аст, ки онҳоро ба таври ҷудогона баҳо дода, ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро аниқ намуда, бо якдигар муқоиса намоем.

Қайд кардан зарур аст, ки муқоиса дар асоси якчанд намуди нишондиҳандаҳо ба миён меояд, ки натиҷаи ҷамъбастии онро мо бояд дар асоси фикрронии ақлона дарк карда интихоб намоем. Маълум аст, ки ҳар як фаъолият ва иҷрои кор эҳтимолияти муайяни худро дорад. Бинобар ин, барои роҳбар зарур мебошад, ки дараҷаи таваккалкориро то минимум расонида, эҳтимолияти ҳалли масъаларо баланд бардорад, ҳарчанд ки дар баъзе мавридҳо маблағи зиёдро талаб мекунад.

  1. Мувофиқкунонии қарор. Дар шароити имрӯзаи мураккабии системаи идоракунӣ, чунин вазъияте ба миён омадааст, ки тайёр кардан ва коркарди қарорро як гурӯҳи роҳбарон, қабули онро гурӯҳи дуюми роҳбарон ва иҷроишашро гурӯҳи сеюм таъмин менамоянд. Бинобар ин, дар аксари мавридҳо ҳолатҳое мешаванд, ки роҳбарон барои қароре, ки умуман онҳо намедонанд ва хабар надоранд, дар тайёр кардани он иштирок накаридаанд, ҷавобгӯ мешаванд. Чунин ҳолатҳо боиси паст шудани самаранокии идоракунӣ дар корхонаҳо шуда, бисёр роҳбарони хуберо, ки нуқтаи назари худро дошта, қобилияти баланди роҳбарӣ доранд, аз даст медиҳем.

Аз ин рӯ дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ роли муҳимро давраи мувофиқакунонии қарор мебозад. Таҷриба нишон медиҳад, ки нақши муҳимро дар иҷрои қарор вақт ва ҷамъомади умумӣ мебозад, чунки иҷрокунандагони қарор дар ҷараёни тайёр кардани он иштирок намуда, худашон тағйироту иловаҳо дохил менамоянд. Дар вақти иҷрои он аллакай ин мушкилиро хуб медонанд.

пешина
аз 465
навбатӣ