Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳар ду маврид ҳам мо муайян намудем, ки мушкили фарқияти байни ҳолати пайдошуда объекти идоракунӣ ва хоҳиши мо мебошад.

Аниқ кардан ва мазмунан тартиб додани мушкилиҳо ҷараёни мураккаб мебошад, зеро тақдири ояндаи қарор аз он иборат мебошад, ки мо то чӣ андоза онро дуруст пешниҳод намудаем.

Яке аз нишондиҳандаҳои мураккабии мушкилӣ дар он аст, ки дар ҳолати пайдоиши он, на ҳамаи тарафҳои он маълум буда, маълумот дар бораи хароҷот ва шаклҳои иҷрои онро мо пурра дастрас карда наметавонем.

Бинобар ин ҳалли мушкилиҳо ва баҳои миқдорӣ додан ба онҳо аз роҳбарон на фақат донишу таҷриба, балки қобилият, интуитсия ва эҷодкорӣ талаб мекунад.

Мо бояд донем, ки ҳамаи системаи унсурҳо ва иҷрои кор дар корхона бо якдигар алоқаманд мебошанд ва эҷоди мушкилот дар як соҳа ё дар як тарафи корхона ба тарафи дигари он таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин мушкилоти мавҷударо аниқ намуда, ҳаракат кардан зарур аст, ки эҷоди онҳо дар сатҳи паст қарор дошта бошанд.

  1. Муайян кардани ченаки интихоб. Пеш аз он ки мо шаклҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷударо дида бароем, бояд нишондиҳандаҳоеро муайян созем, ки ба воситаи онҳо муқоиса ва интихоби варианти беҳтарин пешниҳод мешавад. Ин нишондиҳандаҳоро ченаки интихобӣ меноманд. Масалан, дар ҳолати ба кор қабул намудани коргари нав, мо ба ченакҳои маълумот, таҷрибаи корӣ, синну сол, сифатҳои шахсии ӯ баҳо медиҳем. Дар вақти пайдоиши мушкилӣ бояд аз ченаки интихобии махсус истифода барем, ки тамоми тарафҳои муамморо пурра инъикос карда тавонад.

  2. Коркарди шакли интихобӣ. Таҷрибаи кории роҳбарон нишон медиҳад, ки хуб мебуд, агар мо якчанд шаклҳои интихобии ҳалли масъаларо пешниҳод карда тавонем. Дар ҳолате, ки интихоби шаклҳои гуногун мавҷуд аст, интихоби оптималӣ низ имкон дорад. Аммо афсӯс, ки дар таҷрибаи кории аксари роҳбарони корхонаҳои Тоҷикистон, чунин вариантҳои интихобӣ вуҷуд надоранд, чунки аксар маврид дониши худи онҳо барои ҳалли масъала кофӣ нест. Ё ин ки бо сабаби норасогии вақт қарорҳои нимтайёру хом бароварда, корро чандинқарата иҷро мекунанд.

пешина
аз 465
навбатӣ