Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

эҳтимолияти таваккал - дараҷаи кам кардани сарчашмаи таваккал аз 0 то 1.

Дараҷаи таваккал - нисбати ба зарар ба хароҷоти тайёрӣ ва иҷрои қарори таваккалӣ дар ҳудуди 0>1, аз ин зиёд аллакай таваккал худро сафед карда наметавонад;

Зинаи таваккал тавсифи сифатии дараҷа ва эҳтимолияти таваккал буда, ба гурӯҳҳои олӣ, миёна, поён, холӣ ҷудо карда мешавад;

Нӯрони таваккал — эҳтимолияти зарар ва дараҷаи он;

Меъёри таваккал — эҳтимолияти таваккал дар дараҷаи меъёрӣ.

Дар шароити касодии иқтисодиёт, эҳтимолияти муфлисшавии корхонаҳо баланд буда, аз роҳбарони онҳо талаб карда мешаванд, ки дар ҳолати қабули лоиҳаи таваккалӣ, аз зарари калон эҳтиёт бошанд ва доимо боғайратона кор кунанд.

Таҷрибаи корхонаҳо нишон медиҳанд, ки онҳо аксар вақт варианти фоидаи камтареро, ки таваккали ночиз доранд, қабул мекунанд, ки ин ба пастшавии самараноки корхона ва оҳиста-оҳиста ба рақобати бозорро бой додани он оварда мерасонад. Дар вақти интихоби стратегияи идоракунии корхона бояд пеш аз ҳама дараҷаи таваккал ҳисоб карда шавад. Дар ҳолате ки агар дараҷаи таваккалӣ аз 1 поён бошад, он гоҳ зарурияти чунин стратегияро қабул кардани ташкилот вуҷуд дорад. Агар зарар аз 1 гузарад, он гоҳ ин фаъолият нодуруст ҳисобида мешавад.

Дар вақти таҳлили таваккалӣ қарори идоракунӣ ва коркарди он мо бояд муайян созем, ки кадом шаклҳои таваккалро менеҷер ба назар мегирад. Дар ҷараёни идоракунӣ ин масоил дар асоси систематизатсияи методологии таваккал, гурӯҳбандӣ ва муайян кардани омилҳои он ҳал карда мешавад:

Дар расми 5 алоқамандӣ ва боҳамтаъсиррасонии омилҳои дохилӣ ва беруна, сарчашмаҳои таваккал нишон дода шудааст.

Аз расм маълум мегардад, ки сарчашмаи таваккал, ки вобаста ба бӯҳрони иқтисодию сиёсии мамлакат ба вуҷуд меояд, асосан аз ҳисоби таъсири нишондиҳандаҳои омилҳои байналхалқӣ, макроиқтисодӣ, минтақавӣ ва микроиқтисодӣ ба вуҷуд меоянд, ки онҳо ба хусусияти функцияи таваккалӣ, мазмуну натиҷаи он таъсир мерасонанд.

пешина
аз 465
навбатӣ