Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мекунанд. Дар охир баҳои иштироккунандагон аз рӯи қабули қарори идоракунӣ, дурустии мазмун ва иҷрошавандагии он, бо роҳи муқоиса ба қарори идоракунии роҳбарони таҷрибадор баҳо дода мешаванд.
Чунин навъи бозиҳо асосан дар вақти омӯзиши курсҳои идоракунии шахсони идоравӣ ташкил карда мешаванд.
10.3. Давраҳои тайёрӣ ва қабули қарори идоракунӣ
Қарори идоракунӣ ҳамчун ҷараёни идоракунӣ мебояд давраҳои муайяни технологиро гузарад. Дар робита бо ин мавқеи муҳимро давраи тайёрӣ ва интихобӣ ишғол мекунад. Барои роҳбарон қабули қарор мақсади асосӣ намебошад. Мақсади асосӣ ҳал намудани масъалаи идоракуние, ки пайдо шудааст буда, дар аксари маврид, роҳбарро зарур аст, ки пайдарпайии иҷрои қарор ва назоратро то лаҳзаи иҷро шудани он таъмин намояд. Аз ин хотир қарори идоракунӣ ин ҳуҷҷати яклаҳзаина набуда, акти натиҷавии ҷараёни идоракунӣ маҳсуб шуда, бо мурури вақт инкишоф ёфта, сохтори муайяни худро дорад.
Аз тарафи дигар ҷараёни қабули қарор ҳаракати пайдарпай ва даврии субъекти идоракунӣ буда, барои ҳалли мушкилоти ташкилӣ ва таҳлилӣ ҳолати корхона, қабули қарор ва иҷрои он равона карда шудааст.
Дар расми 4 - модели ғоявии сохтори қабули қарори идоракунӣ нишон дода шудааст. Чунин сохтор имконият медиҳад, ки ҳолатҳои мушаххаси мушкилиҳои идоракуниро аниқ намоем. Давраҳои ҷараёни қабули қарори идоракунӣ ба тартиби зайланд:
- Таҳлили ҳолатҳо. Зарурияти қабули қарори идоракунӣ ҳангоми пайдо шудани ахбор доир ба муҳити дохилӣ ва берунии корхона оид ба тағйироте, ки дар иҷрои функцияи системаи идоравӣ, ё ҳолати идоракунии корхона ба миён меояд, пайдо мешавад. Бинобар ин яке аз шартҳои асосии қабули қарори дурусти идоракунӣ таҳлили ҳолатҳо мебошад.
Таҳлили ҳолатҳо ҷамъи ахбор ва коркарди онҳоро талаб мекунад. Ин давраро давраи омӯзиши муҳити дохила ва беруна меноманд. Далелҳо оид ба ҳолати омилҳои асосии беруна ва вазъияти кор дар дохили корхона ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо