Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Вобаста ба пайдарпайӣ, ӯ худ давраҳои САИ моделсозӣ 3 хел мешавад: ахборӣ, риёзӣ, барномавӣ.
Моделҳои ин гурӯҳ барои ҳар як давраи ҳаракат ва коркарди ахбор равона карда шудааст.
Вобаста ба дастгоҳи риёзии модел онҳоро чунин тасниф мекунанд:
❖ экстремалӣ ӯ худ фавқулода;
❖ барномасозии риёзӣ;
❖ эҳтимолӣ;
❖ оморӣ ва назариявӣ - бозиҳо.
Тамоми моделҳои риёзӣ ба 2 гурӯҳ ҷудо мешаванд:
❖ модели баҳодиҳии самараноқӣ;
❖ модели оптималӣ.
Дар шароити имрӯза моделҳои зерини функцияҳои идоракунӣ тадқиқ ва истифода карда мешаванд:
❖ банақшагирии фаъолияти истеҳсолию иқтисодии корхона;
❖ идоракунии фаврӣ;
❖ балансимдорории фаврӣ;
❖ идоракунии таъминоти моддӣ - техникии истеҳсолот;
❖ идоракунии фурӯши маҳсулот;
❖ идоракунии тайёрии техникии истеҳсолӣ.
Оид ба истифодаи ин моделҳо ва хусусияти хоси онҳо мо дар қисмҳои ояндаи китоб пурра гуфта мегузарем.
Моделсозии бозиҳо, яке аз усулҳои автоматикунонии системаи идоракунии истеҳсолию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Хислати фарқкунандаи ин модел аз он иборат мебошад, ки дар моделсозии раванди идоракунии одамон ва иштироккунандагони он, ҳалли масъалаҳои гуногунро дар шакли бозиҳои корӣ иҷро мекунад.
Ворид сохтани инсон дар ҷараёни модел имкон медиҳад, ки рафтори ӯро дар ҳолатҳои гуногуни идорӣ, шаклу тарзи ҳалли масъала мушоҳида намуда, рафтори ӯро ба воситаи дохил намудани қоидаҳо ва роҳҳои ҳалли масъала аз тарафи шахсони таҷрибадор ва номдори ҷаҳонӣ муқоиса ва таҳлил намоем.
Вобаста ба тартиби пешакӣ муайяншуда, иштирокчиён ахбори авваларо гирифта, худашон ҳолатро баҳо дода, қарори мустақилонаи идоракунӣ қабул

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо