Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Моделҳои риёзӣ — шакли инкишофёфтаи моделсозӣ буда, доир ба дараҷа ва рафтори миқдории ин ё он объекти идоракунӣ ахбор медиҳад.

  1. Моделҳои ғоявӣ - дар навбати худ ба 3 гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:

Модели навиштаҷотӣ — муносибати объектро дар шакли фикрӣ нигориш медиҳад.

Модели аёнӣ — объектро дар шакли воситаҳо ва унсурҳои аёнии тартибдодашуда инъикос мекунад.

Модели нишонавӣ — унсурҳои объектро бо ёрии нишонаҳо муайян менамояд.

Мақсади ниҳоии моделсозии системаи истеҳсолию иқтисодӣ тайёр кардан ва қабул намудани қарори идоракунӣ аз тарафи роҳбар мебошад.

Модели иқтисодӣ — истеҳсолиро аз рӯи аломатҳояшон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

❖ мақсади моделсозӣ;

❖ функцияи идоракунӣ;

❖ давраҳои идоракунӣ;

❖ усули риёзӣ.

Моделсозӣ вобаста ба мақсаднокӣ ба навъҳои зерин тақсим карда мешаванд:

❖ ба лоиҳагирии системаи идоракунӣ;

❖ баҳои самаранокӣ;

❖ таҳлили қудрати корхона;

❖ коркарди қарори оптималӣ вобаста аз ҳолатҳои гуногуни истеҳсолӣ;

❖ ҳисоби сохтори ташкилии системаи идоракунӣ;

❖ ҳисоби таъминоти ахборӣ.

Хусусияти тақсимоти моделҳо дар навбати аввал аз рӯи нишондиҳандаи самаранокӣ, инчунин тартиботи амалӣ гардонидани натиҷаи моделсозӣ равшан мегардад.

Вобаста ба функцияи идоракунӣ моделҳои зерин дида мешаванд:

❖ модели банақшагирии тақвимӣ;

❖ модели идоракунии инкишофи корхона;

❖ модели назорати сифати маҳсулот ва ғайра.

пешина
аз 465
навбатӣ