Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Шакли интихоби модел аз он вобаста мебошад, ки кадом масъалаҳо мавриди назари мо хоҳанд гашт. Аксар маврид моделҳо фақат функцияи системаи идоракуниро нишон медиҳанд ва ба сохтори модел диққат намедиҳанд.

Моделсозӣ ҳамчун усули фаҳмиш дар асоси инъикоси ҳақиқати объективӣ сурат мегирад. Вобаста аз он ки кай, дар куҷо ва барои кадом объект моделсозӣ истифода карда мешавад, қоидаҳои гурӯҳбандӣ арзи вуҷуд мекунанд. Вобаста аз усули инъикоси ҳақиқат, чунин моделҳо вуҷуд доранд.

Расми 3. Гурӯҳбандии моделҳо.

  1. Моделҳои моддӣ боз ба 3-гурӯҳ ҷудо мешаванд: фазомонанд, табиӣ ва риёзӣ.

Модели фазомонанд – оид ба баҳо додани фазои ҳандасавии объекти идоракунӣ, яъне заводҳо, биноҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо истифода бурда мешавад.

Моделҳои табиӣ – муайян кардани хусусиятҳои хоси табиии объекти идоракуниро ташкил медиҳад. Ин ҷо албатта, қонунҳои табиӣ-физикии объект дар назар дошта мешаванд.

пешина
аз 465
навбатӣ