Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

перспективӣ - ташкилӣ ва барои иҷроиши ҳатмӣ ба зинаҳои поёнӣ фиристонида мешаванд.

Қарори тавсиягӣ аз тарафи органҳои маслиҳати кумита ва комиссияҳо пешниҳод карда мешаванд, лекин иҷрои онҳо чандон зарурат надорад.

Қарори нишонӣ ҳамчун қарори директивӣ барои зинаи поёнӣ равон карда шудааст. Аммо онҳо дар шароити озод аз марказ амал мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар баробари омилҳои миқдории қарори идоракунӣ, инчунин омилҳое дучор мешаванд, ки бо нишондиҳандаҳои аниқи миқдорӣ вобастагӣ надоранд. Ин омилҳо - ҳолатҳои рӯҳӣ ва рафтори одамон мебошанд.

Қарорҳо аз рӯи моҳияти функсионалӣ ба 5 гурӯҳ ҷудо мешаванд: ташкилӣ, танзимкунанда, ҳамоҳангсоз, фаъолгардон ва назоратӣ. Мисоли қарори ташкилӣ ин қарор оид ба ташкили ҷамъияти саҳҳомӣ, ё худ корхонаи хурд ва ғайра шуда метавонад.

Қарорҳо вобаста аз тарзи қабул интихобӣ ва системавӣ мешаванд. Вобаста аз қарори иштироккунандагон қарорҳо инфиродӣ ва коллективӣ мешаванд. Аз рӯи тарзи қабул мешаванд консультативӣ, якҷоя ва парлумонӣ.

Қарорҳо вобаста аз доираи фаъолияташон 2 навъанд: махсус ва умумӣ.

Қарори махсус барои як шӯъбаи корхона, ё як мушкилии алоҳидаи махсус бароварда мешавад.

Қарори умумӣ бошад барои тамоми корхона қабул мешавад. Вобаста аз муайянии қарорҳо навъҳои пешакӣ дар барномагирифташуда ва бебарномавӣ маълум аст. Аз рӯи доираи иҷроиши қарор ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: истеҳсолӣ, таъминотӣ, тадқиқотӣ, кадрӣ ва ғайра. Аз рӯи мазмун ҳалҳои техникӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо низ татбиқ мегарданд.

Моделсозии ҳолатҳо. Моделсозӣ яке аз усулҳои асосии тадқиқоти системаи истеҳсолию иқтисодӣ мебошад. Мафҳуми моделсозӣ усули нишон додани ҳақиқати объективӣ, ки дар асоси омӯзиши реалии объект бо роҳи сохтани модели махсус иҷро гардида, он хислати ҳолати омӯзиши объектро муайян месозад.

Аз ин нуқтаи назар, моделсозӣ бо мақсади гирифтани ахбори пурраи ҳолатҳои объекти идоракунӣ истифода бурда мешавад.

пешина
аз 465
навбатӣ