Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Васоити асосӣ барои коркарди қарор тадқиқоти ҳаракатҳо ва фаъолиятҳо, ё худ усулҳои риёзие мебошанд, ки барои асоснок намудани қарори беҳтарин ва дурусти идоракунӣ дар доираи фаъолияти одамон истифода бурда мешаванд.

Усулҳои тадқиқоти фаъолият ба чор гурӯҳи калон ҷудо карда мешаванд:

  1. Усули аналитикӣ.
  2. Назарияи эҳтимолият.
  3. Усули статистикӣ.
  4. Усули риёзии барномасозӣ.

Гурӯҳбандии қарори идоракунӣ аз рӯи характеру хусусияташон низ гуногун мебошад:

  1. Аз рӯи субъекти идоракунӣ: қарорҳои органҳои давлатӣ, хоҷагӣ, соҳибкорӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ.

  2. Аз рӯи таъсиррасонӣ ба ояндаи корхона: стратегӣ ва тактикӣ.

Қарорҳои стратегӣ роҳҳои асосии инкишофи корхонаро нишон медиҳанд.

Қарори тактикӣ усулҳои мушаххаси ба мақсад расидани корхонаро нишон медиҳанд.

Аксар маврид қарори стратегиро ташкилоти болоӣ қабул мекунад. Қарори тактикиро бошад, звенои поёнии идоракунӣ қабул менамояд. Вобаста ба тамдиди иҷрои қарори идоракунӣ ба дарозмуддат аз зиёда аз 5 сол, миёнамӯҳлат аз 1 то 5 сол ва кӯтоҳмуддат то 1 сол гурӯҳбандӣ мешаванд.

Қарорҳои дарозмуддат асосан хислати дурнамоӣ дошта, мумкин аст, ки дар баъзе мавридҳо иҷро нашаванд, ё ин ки тағйир дода шаванд. Яъне, онҳо аз ҳолатҳо ва омилҳо вобастагӣ доранд.

Қарорҳои миёнамӯҳлат аксар мавридҳо иҷро мешаванд, чунки онҳо дар нақшаҳо ва барномаҳои корхона пурра инъикос ёфта, ҳатман иҷро мегарданд.

Қарорҳои кӯтоҳмӯҳлат бошанд, на дар нақшаҳо, балки дар фармонҳо, фармоишҳо, супоришҳои даҳонӣ ва хаттӣ мустаҳкам карда мешаванд, ки иҷрои онҳо таъмин карда мешаванд. Қарорҳо вобаста аз дараҷаи иҷрошавияшон ба директивӣ, тавсиявӣ ва нишонӣ ҷудо карда мешаванд.

Қарори директивӣ асосан аз тарафи органҳои болоии идоракунӣ қабул
карда мешаванд, дар ҳолатҳои мунтазамии иқтисодӣ оид ба масоилҳои муҳимии

пешина
аз 465
навбатӣ