Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан
  1. Қарори такроршаванда, ки дар табақаи поёнии идоракунӣ қабул карда шуда, асосан бо мақсади каме тағйирот даровардан ба системаи технологӣ, ё ин ки системаи баҳисобгирӣ ва ҳисобот, хизматрасонии истеҳсолот, регламенти фаъолият ва дигар ҷараёнҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад. Чунин шакли қарор асосан бо мақсади ташкили дурусти ҷараёни истеҳсолот ва меҳнат дар корхона ташкил карда мешавад.

Дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ тартиботи амалигардонӣ бо воситаи истифодабарии менеҷмент сурат мегирад, ки ба фаъолияти идоракунӣ таъсири худро мерасонад.

Беҳтар кардани идоракунии ташкилот дар асоси баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони идоракуние, ки дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ иштирок мекунанд, зарур аст. Инчунин баландбардории ихтисос, мубодилаи ахбор ва коммуникатсияро низ ба назар гирифтан лозим аст.

  1. Қарори характери тадқиқотӣ ва навоварӣ дошта, дорои хусусияти зерин аст:

бартарияти тадқиқоти ҷараёни инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ;

тадқиқоти инкишофи ҷаҳонии пешрафти илмию техникӣ;

ҷорӣ намудани навоварӣ дар идоракунии истеҳсолот;

такя ба фишангҳои худидоракунӣ ва худташкилкунӣ;

тадқиқоти технологияи ахборӣ ва коммуникатсионӣ;

пешгӯиҳо ва пешбиниҳо;

ҷараёни маълумот ва усулҳои иҷтимоӣ ва рӯҳӣ.

Шаклҳои қарори идоракуние, ки зикрашон дар боло рафт, такмил додан ва илова кардан мумкин аст, чунки раванди гуногуншаклии идоракунӣ шаклҳои навро талазо мекунад.

Нишонаҳои тавсиявии қарори идоракунӣ инҳо мебошанд:

хислати интихобӣ доштани қарори идоракунӣ, имкони интихоб аз якчанд варианти мавҷудбуда;

фазаи иҷтимоию иқтисодиёте, ки барои таъмин намудани самаранокии иқтисодию иҷтимоии фаъолияти коллективи корхона мусоидат кунад;

нишонагирӣ ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти ташкилот, ки сифату самаранокии фаврӣ ва идоракунандагии фаъолияти идоракуниро инъикос менамояд;

пешина
аз 465
навбатӣ