Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақоми қарори идоракунӣ ҳамчун раванд фақат дар фаъолияти дохилии истеҳсолии хоҷагӣ анҷом наёфта, балки нақши муҳимро барои алоқаи беруна ва ҳалли имкониятҳои беруна мебозад.

Қарори идоракунӣ ба ҳама фаъолияти идоракунӣ таъсири худро мерасонад. Сифат ва самаранокии қарори идоракунӣ аз унсурҳои зерин:
менеҷер ва дастгоҳи идоракунӣ;
коркарду иҷрои нақша ва барномаҳо;
амали системаи идоракунӣ;
ба мақсадрасии стратегӣ ва тактикӣ;
татбиқи навовариҳо;
молиягузории истеҳсолӣ;
идоракунии раванди маркетингӣ вобастагӣ дорад.

Нишонаҳои методологии дар боло номбар кардашуда, имкон медиҳанд, ки шаклҳои зерини қарори идоракуниро фарқ намоем:

  1. Қарорҳои муҳими идоракуние, ки фаъолияти ташкилотро пурра дарбар гирифта, давраи ҷудогонаи инкишофи корхонаро якҷоя бо таваккал ва пешгӯиҳояш муайян месозад.

Ин шакли қарор доираи қарорҳои мақсаднок, стратегӣ, навоварӣ, маълумотӣ, маркетингӣ, молиявӣ, сиёсати кадрӣ, лоиҳаи инвеститсионӣ, ислоҳот ва ғайраро дар бар мегирад.

Чунин шакли қарорҳо барои соҳибкории калон ва миёна равона шуда, аз тарафи менеҷерони табақаи олӣ қабул карда мешаванд. Он қариб тамоми бахши ташкилотро фаро гирифта, коркарди хуби технологӣ ва методологиро талаб менамояд.

  1. Қарорҳои муҳими махсус, ки ба мушкилоти рӯзмарраи хоҷагидорӣ тааллуқ дошта, барои ҳар як давраи муайян ва муҳлати муайян қабул карда мешаванд. Чунин қарор, бевосита таваккали худро вобаста ба хароҷоти захираҳо ва ақидаи баъзе аъзоёни коллектив қабул мекунад. Ин шакли қарор дар аксар мавридҳо барои ҷорӣ намудани навоварӣ, тағйироти куллии бозори корхона, ҳодисаҳои ногаҳонии табий қабул карда мешаванд. Ин қарор дар зинаи болой ва миёнаи идоракуние, ки таҷрибаи калони идорӣ дорад, қабул карда мешавад.
пешина
аз 465
навбатӣ