Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

сохтори ташкилии он, миссия, ҳаҷми сармоя, маҳсулоти истеҳсолии он, мақсад ва стратегияи инкишоф, шакли ташкили ҳуқуқии ташкилот ва сохтори идоракунии он, дар аксари маврид мазмуни системаи қарорҳои идоракуниро ташкил медиҳанд.

Ҷудо кардани қарори идоракунӣ аз рӯи аломати системаи иҷтимоию иқтисодӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими менеҷмент мебошад, чунки менеҷерҳо, вақте ки қарор қабул мекунанд, бояд аниқ донанд, ки қарор ба кадом системаи менеҷменти ташкилот тааллуқ дорад: ба истеҳсолот, маркетинг ва ё молия. Инчунин бояд донист, ки бо алоқамандии кадом система қарор иҷро мешавад ва қарор ба кадом натиҷа анҷом мепазирад.

Моҳияти қарори идоракунӣ мақсад ва стратегияи инкишофи системаро пурра фаро гирифта, мазмуни он усул ва технологияи коркард ва иҷрои қарори идоракуниро дарбар мегирад.

Қарори идоракунӣ ҳамчун раванд ва натиҷагирии зеҳнӣ, ҳадсосӣ ва психологӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии менеҷер доир ба интихоби оқилонаи шакли фаъолияти истеҳсолӣ ва идоракунӣ барои ба даст даровардани муваффақият мебошад.

Ӯҳдадории менеҷер оид ба қабули қарор ва назорати он дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ, дастурамалҳо ва низомномаҳои шахсони вазифадор сурат мегирад.

Дараҷаи касбии менеҷмент ҳамчун шарти асосии интихоби менеҷер, дастгоҳи идоракунӣ ва ташаккулёбии сохтори идоракунии ташкилот мебошад.

Мураккаб ва моҳиятан зарур будани қарор, густурдагӣ ва гуногуншаклии функцияи идоракунӣ, шакл ва ҳудуди масъулиятнокии иҷрои қарор, ҷамъи ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошад, ки менеҷерро маҷбур месозад, ки раванди идоракуниро ҷорӣ ва дар амал татбиқ намояд.

Сохтори ҳайатии менеҷерон барои звенои олӣ, миёна ва поёнии идоракунӣ аз шакли қарорҳои идоракунӣ, дараҷаи ихтисосмандӣ, ки барои идоракунии самараноки коллектив зарур мебошад, вобастагӣ дорад.

Омӯзиши асосҳои методологияи менеҷмент имкон медиҳад, ки қарори идоракуниро ҳамчун маҷмӯи функцияҳои бо ҳам алоқаманде, ки дар робитаи якдигар иҷро карда мешаванд, маҳсуб дониста шаванд.

пешина
аз 465
навбатӣ