Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Менеҷери касбӣ
(функсияи
профессионалӣ)

Моҳият ва шаклҳои
асосии таъсиррасонӣ
(функсияи
асосии идоракунӣ)

ҚАРОРИ
ИДОРАКУНӢ

Методология
ва технологияи
идоракунӣ (функсияи
ҷараёни идоракунӣ)

Ташкилот ҳамчун системаи
иҷтимоию иқтисодӣ
(функсияи системавӣ)

Расми 1. Қарори идоракунӣ дар системаи менеҷмент.

Қарори идоракунӣ ҳамчун моҳияти ҷараёни таъсиррасоние, ки дар фаъолгардонии фаъолияти якҷояи одамон, барои ба мақсад расидан таъсир мерасонад ва дар натиҷаи амалӣ гардонидан функцияҳои асосии менеҷмент ба миён меояд.

Қарори идоракунӣ ҳамчун ҷараёни идоракунӣ ва натиҷагирии он дар пайдарпайии мантиқӣ ва ба анҷомрасии марҳилаҳо доир ба қабул ва коркарди ахбор роҷеъ ба қарори идоракунӣ, ки ба ҳалли масоилҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ ва ба даст даровардани самаранокии иқтисодӣ ноил гардидан равона карда шудааст.

Моҳияти қарори идоракунӣ дар он мебошад, ки қарор ҳамчун муайянкунандаи маҷмӯи ҳаракатҳои менеҷер ва аппарати идора дар равшан кардани имкониятҳои аниқи ба мақсад расидан равона гаштааст. Аз чунин як нуқтаи назар қарори идоракунӣ ҳамчун як давраи мустақили асосноккунӣ, интихоб ва қабули афзалияти идоракунӣ ва иҷрои он мебошад. Ташкилот ва

пешина
аз 465
навбатӣ