Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Махсусан, диққати асосӣ ба омилҳои беруна (макроиқтисодӣ, микроиқтисодӣ, минтақавӣ) ва дохилӣ, дохилисистемавӣ равона гардида буд. Гуногунии омилҳо ва тағйирёбии онҳо дар фаъолияти хоҷагидорӣ менеҷеронро маҷбур намуданд, ки вариантҳои гуногуни амалиётҳоро дар ҷараёни идоракунӣ истифода баранд. Интихоби шаклҳои мухталифи идоракунӣ дар ҳолате пайдо шудаанд, ки дар идоракунӣ усулҳои иқтисодӣ-математикӣ, моделсозӣ, барномасозии мақсаднок арзи вуҷуд кардаанд.
Аз нигоҳи технологӣ ҷараёни идоракунӣ ҳамчун фаъолияти пайдарпайи менеҷер ва дастгоҳи идоракунӣ доир ба қабул ва иҷрои қарори идоракунӣ мебошад, ки мазмуни ҳақиқии мушкилиҳои истеҳсолию хоҷагидориро дар худ доранд.
Вобаста ба мураккабшавии мушкилиҳо, зарурияти коркарди асосҳои методологии иҷрои пайдарпайи мантиқии ҷараёни идоракунӣ ба миён омад, ки имконоти ташаккули шаклҳои ҳаматарафаи фаъолият ва функцияҳоро ба вуҷуд овард. Қабули қарори идоракунӣ бо риояи фаъолияти функционалии менеҷерон ва коргарони бахши идоравӣ, ба натиҷагирии самараноки мақсадҳо оварда расонид.
Қарори идоракунӣ ҳамчун шакли фаъолияти идоракуние мебошад, ки фаъолияти якҷояи одамонро вусъат бахшида, мақсаднокӣ ва самаранокии онро таъмин месозад.
Ҳамчун гурӯҳи менеҷмент қарори идоракунӣ муносибатҳои гуногуни идоракуниро дарбар мегирад, бинобар ин моҳияти қарори идоракунӣ низ бисёртарафа буда, бо гурӯҳҳои дигари идоракунӣ, ба монандӣ функция, ҷараёнҳои таъсиррасонӣ, алоқамандӣ, идоракунӣ ва системаи менеҷментӣ дар робита мебошад. Дар навбати аввал моҳияти қарори идоракуниро ҳамчун функцияи идоракунӣ дида мебароем.
Дар ин ҳолат қарори идоракунӣ ҳамчун звенои пайвасткунандаи гурӯҳи функцияҳое мебошад, ки тарафҳои гуногуни таъсиррасонии ҷараёни идоракунӣ ва ҷараёни истеҳсолот инчунин идоравӣ ва системаи иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо