Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. 10.1. Асосҳои методологии моҳияти қарори идоракунӣ

Қарори идоракунӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ моҳияти ҷараёни таъсиррасониро ба одамон, ба восита ва усулҳо, инчунин имкониятҳои ташкилие, ки ба натиҷаи беҳтари фаъолияти мақсаднок бурда мерасонанд, дар бар мегирад.

Ин гурӯҳ ҳамчун ҷараёни болоравии идоракунӣ, тадқиқоте мебошад, ки мазмуни иқтисодии таъсиррасонӣ, ташаккулёбӣ ва амалигардонии идоракуниро меомӯзад. Мақоми асосиро дар ин омӯзиш функция ва шаклҳои фаъолияти идоракунӣ мебозад, ки бо худ маҷмӯи муносибатҳои идоравиро оид ба ҷалб намудани таъсиррасонӣ ба одамонро дарбар мегирад. Аз ин ҷиҳат, функция ҳамчун соҳаи зарурии объективии ҷараёни идоракунӣ натиҷаи мақсаднокро дар доираи муайяни вақт дорад.

Консепсияи идоракунӣ ҳамчун раванди татбиқи функцияҳои алоқаманд, ки усулу воситаҳои таъсиррасонии худро дорад, дар натиҷаи истифодабарии методологияи системавӣ, ҳолати ва иҷтимоӣ хеле ҳам васеъ ва паҳн гаштааст.

Чунин як усули инкишофёбандаи омӯзиш дар менеҷмент ҳамчун қонунияти объективии идоракунӣ омӯхта мешавад.

Вобаста ба тараққиёти иқтисодӣ ва идоракунӣ шаклҳои нави фаъолияти идоракунӣ пайдо мегарданд, ки функцияҳои интегратсионӣ ва дифференциатсиониро иҷро намуда, роҳҳо ва воситаҳои таъсиррасониро ба одамон доир ба ҳар як намуди фаъолияти идоракунӣ нишон медиҳанд. Такмили идоракунӣ, ҳамчун қонунияти объективии инкишофи илмию техникӣ, компьютеризатсияи иқтисодиёт ва фаъолияти идоракунӣ, мураккабшавӣ ва васеъшавии алоқамандии субъектҳои хоҷагидорӣ дар ҷаҳони иқтисодии имрӯза, зарурияти ба вуҷуд омадани имконот ва воситаҳои нави алоқаро ба миён овардааст. Чунин як ҷараён зарурияти инкишофи ояндаи консепсияи идоракунӣ ва ташаккулёбии қарори идоракунии замони навро талаб мекунад.

Дар миёнаи асри XX дар ҷодаи идоракунӣ як зумра «мактабҳои нав» ба майдон меоянд, ки мақсади асосии онҳо аз муайян кардан ва баҳо додани омилҳое, ки ба ҷараёни иқтисодӣ ва идоракунӣ таъсир мерасонанд, иборат буд.

пешина
аз 465
навбатӣ