Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мақсаднокии оянда ва асоснок намудани технологияи коркарди қарор аз замони оянда то ҳозира, истифодаи усулҳои озмоишии дурнамой;
мақоми интегратсионӣ доштан дар таъмин намудани системаи функсионалӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, ахбории идоракунӣ;
навоварӣ ҳамчун натоиҷи пешрафти технологӣ ва ахбории иқтисодӣ;
номаълумин натиҷагирӣ ва имконоти зарар;
оқибатҳои қарори идоракунӣ ба муҳити беруна, ба соҳаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва маданӣ, дараҷаи зиндагонии мардум таъсир мерасонад;
қонунӣ будани қарори идоракунӣ аз менеҷерон талаб мекунад, ки онҳо дар асоси дастуру низомномаҳо ва қонунҳои мавҷуда амал намуда, барои сифат ва зарари он масъул бошанд;
раванди инфиродии ҳар як қарори идоракунӣ аз обрӯи роҳбар ва қабули қарор аз менеҷерон вобаста мебошад;
қабулшавандагии қарор ба ҷараёни бефосилагӣ, даврӣ, пайдарпайӣ вобаста аст. Алоқамандии қарорҳо имкони таъҷилан ҷамъ намудани ахбор, баҳодиҳии ҳолат, ташхис ва интихоби нишонҳои асосноккунии қарорро муҳайё месозанд.
Асоси тайёр намудани қарори идоравиро ахборе, ки аз муҳити беруна, ё аз дохили корхона бармеояд ташкил медиҳад.
10.2. Гурӯҳбандии қарори идоракунӣ ва моделсозии ҳолатҳо
Қарорҳои идоракунӣ аз рӯи нишонҳои зерин гурӯҳбандӣ карда мешавад:
- Ҳар як қарор вобаста ба он, ки аз тарафи кадом зинаи идоракунӣ қабул карда мешавад, ба се зина: олӣ, миёна ва зинаи поёнӣ ҷудо карда мешавад.
- Ҳар як қарор аз рӯи ҳалли вазифаҳо ба ахборӣ, ташкилӣ ва фаврӣ тасниф карда мешавад. Қарори ахборӣ бо мақсади баҳо додани ахбор қабул шуда, ба саволи «Чӣ дуруст аст?» ҷавоб мегӯяд. Қарори ташкилӣ барои муайян намудани сохтори дурусти идоракунӣ ва ҷавоб додан ба саволи «Чӣ хел бояд бошад?» ҷавоб мегӯяд. Қарори фаврӣ ҳаракат карданро, яъне «Чӣ тарз бояд иҷро кард»-ро ифода менамояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо