Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Ҷараёни назорати идоракунӣ якчанд давраҳоро таҷассум менамояд:
- Давраи аввал - муайян кардани ҳудуди ӯҳдадориҳои фаъолияти корхона, зарурати назорат ба он ва сарчашмаи ахбори онҳо равона шудааст. Ин талаботҳо дар шакли намудҳо, меъёрҳо, вазифа ва лоиҳаҳо, меъёри хароҷоти захираҳои моддӣ ба як воҳиди маҳсулот, меъёри захираҳои пулӣ, нишондиҳандаҳои самаранокӣ, мӯҳлати иҷрои корҳо ва ғайраро дарбар мегирад.
Барои ин нишондиҳандаҳо чунин талабот пешниҳод мешаванд:
- асоснокӣ;
- иҷрошавандагӣ;
- ҳолати нормалӣ;
- инъикоси ҳақиқати воқеӣ.
-
Давраи дуввум - сохтани сохтори ташкилот, ки дар он миқдори захираҳо, ахборот, ҷои хароҷот, натиҷаи охирин, шаклҳои қабулшудаи назорат ва нуқтаҳои онро инъикос мекунад.
-
Давраи сеюм - ин гирифтани ахбор оид ба ҳолат ва натиҷаи фаъолияти объект ва қабули қарори фаъолияти ояндаи объектро фаро мегирад. Сарчашмаи асосии ахбороти назорати мақсаднок ин: нишондиҳандаҳои ҷории оморӣ, ахбори фаврӣ, ҳисоботи муҳосибӣ, пурсишҳои одамон, ҳисоботи ҷамъбастӣ, таҳлилҳои махсус мебошанд. Гирифтани ахбор ҷараёни аз ҳама муҳим ва зарурӣ назорат мебошад.
-
Давраи чорум - раванди назорати таҳлилии ахбор ва баҳои он мебошад. Ин фаъолият имконият медиҳад, ки дараҷа ва мавҷудияти фарқи супоришҳои лоиҳавӣ муайян карда шаванд ва фаъолияти танзимкунанда гузаронида шавад.
-
Давраи панҷум - танзими фаъолияти ташкилот, ислоҳи фарқияте, ки роҳбари болоӣ имкони онро дорад. Ин давра яке аз раванди хеле муҳими назоратӣ мебошад. Чунки агар саривақт камбудӣ ислоҳ карда нашавад, дар охир ҳаҷми зарар васеъ шуда, барои корхона хатари калон ворид месозад.
Дар таҷриба ду шакли фаъолияти танзимкунӣ дида мешавад.
- барҳам додани сабабҳое, ки каҷравиро ба миён овардааст;
- тағйир додани намунаҳо, аз нав дида баромадани лоиҳаҳо ва тақсим кардани вазифаҳо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо