Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Аз рӯи давраҳои иҷроиш:
    ❖ назорати пешакӣ;
    ❖ ҷорӣ;
    ❖ ҷамъбастӣ.

Назорати пешакӣ - барои муайян кардани омодагии корхона барои иҷрои мақсадҳои дар пешгузошташуда равона мешавад.

Ин назорат дар асоси таҳлили мавҷудияти нақдӣ ва ҳолати захираҳо гузаронида шуда, бо вазифаҳои оянда муқоиса карда мешаванд.

Назорати пешакӣ ҳамчунин қудрати моро барои иҷрои функцияҳо муайян месозад.

Шӯъбаи кормандон дар асоси пурсиш, сӯҳбатҳо ва имтиҳонот бояд дараҷаи касбии коргарони худро маълум намоянд.

Давраи сеюми назорати пешакӣ барои муайян намудани ҳолати захираҳои молиявию моддии корхона мусоидат мекунад.

Назорати стратегӣ - бо мақсади мувофиқ будани объект барои иҷрои гардонидани мақсадҳои стратегии корхона, амалӣ мегардад. Он, пеш аз ҳама ҷорӣ намудани ПИТ, шаклҳои нави усулҳои меҳнат, ҷорӣ намудани технологияи нав ва ғайраро дарбар мегирад.

Назорати фаврӣ - якбора дар баробари иҷрои кори асосӣ гузаронида мешавад. Гуногуншаклии ин назорат дар он аст, ки вай аз тарафи танзимгар, ё сардори шӯъбаи истеҳсолӣ гузаронида мешавад. Аз ин рӯ он назорати истеҳсолӣ номида мешавад.

Назорати интихобӣ - шакли хароҷоти камтарин мебошад, аммо ба таваккали хатоҳои ногаҳонӣ алоқаманд мебошад. Бинобар ин, барои аниқ кардани ҳақиқат ин назоратро такрор кардан зарур аст.

Назорати технологӣ - аз рӯи занҷири истеҳсолӣ, ё худ харитаи ҳаракат муайян карда мешавад, ки дар кадом нуқта хато зоҳир шудааст.

Дар замони муосир дар аксари давлатҳо, махсусан дар Ҷопон назорати риояи нусхаи сифати маҳсулот мақоми аввал дорад. Ин назорат бо роҳи худназоратӣ ташкил карда шуда, коргарон ҳавасманд гардонида мешаванд.

Чунин намуди назорат ҷамъбастӣ номида мешавад. Дар он фаъолияти коргарон баҳо дода шуда, хулосабарорӣ барои нақшаҳои нав сурат мегирад.

пешина
аз 465
навбатӣ