Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Назорат ба гурӯҳҳои дохила ва беруна ҷудо мешавад. Назорати дохила дар ҳолате, ки субъект ва объекти корхона дар як система ҷойгир бошанд, гузаронида мешавад. Назорати беруна объект ва субъектро, ки дар системаҳои гуногун ҷойгир мебошанд, дарбар мегирад.

Дар корхона назорати беруна аз тарафи маъмурият ё коргари алоҳида назоратчӣ гузаронида мешавад.

Назорати дохила - тарзи назоратест, ки онро коргарон худашон иҷро менамоянд.

Мақсади назорати беруна пеш аз ҳама бар он равона шудааст, ки одамон вазифаҳои худро хуб иҷро намоянд. Ҳамчунин дар асоси назорати беруна ҳавасмандӣ ва ё ҷазои коргарон ташкил карда мешавад.

Зарурати назорати дохила бошад, пеш аз ҳама дар саривақт аниқ намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо мебошад. Ҷорӣ намудани худназоратӣ дар корхона бартарияти шаклҳои коллективии меҳнатиро нишон дода, имкон медиҳад, ки муҳити хуби рӯҳӣ ташкил гардида, шаклҳои демократии идоракунӣ истифода карда шавад. Натиҷаи назорати дохила ва беруна аз ҳолатҳои зерин вобаста мебошад:

шеваи идоракунӣ;

имконоти баҳои хуб гирифтан;

хислати иҷрокунандагон;

муҳити коллектив;

дараҷаи ахборӣ;

мавҷудияти системаи ҳавасмандӣ.

9.6. Саволҳои санҷишӣ

  1. Сохтори идоракунӣ чист?

  2. Бюрократизми идоракунӣ гуфта чиро меноманд?

  3. Омилҳое, ки ба сохтори идоракунӣ таъсир мерасонанд кадоманд?

  4. Дараҷаи марказонидани идоракунӣ чӣ хел муайян карда мешавад?

  5. Сохтори идоракунӣ, корпоративии идоракуниро шарҳ диҳед.

  6. Хусусияти хоси сохтори идоракунии корпоративҳои байналхалқӣ дар чист?

  7. Роҳҳои инкишофи сохтори идоракунии корхонаҳо кадоманд?

пешина
аз 465
навбатӣ