Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
роҳбарияти корхона ва коргарон вобаста карда шаванд. Самараи беҳтаринро амали худмаҳоратӣ, ки дар баъзе ташкилот дида мешавад, медиҳад.
Системаи назоратӣ бояд, ки равияи аниқи стратегӣ дошта бошад, ки афзалияти асосии инкишофи корхонаро дарбар гирад. Таҳлили амиқи ҳаматарафа ҳамеша мақсаднок намебошад. Мумкин баъзе ҳолатҳо мазмун низ надоранд, чунки вақти зиёд ва хароҷоти зиёдро талаб мекунанд.
Назорати замонатӣ бояд на ба ислоҳи хато, балки барои пешгирии он равона шавад. Дар ин сурат ин хеле сабук меафтад. Бинобар ин, назорат қисми ҷудонашавандаи тамоми раванди банақшагирӣ мебошад.
Агар назорат саривақтӣ бошад, ки имкони бартараф кардани ғалатҳо бештар аст. Дар сурати фаро гирифтани ҳаҷми калон ғалатҳо зарари калон меоранд.
Барои он, ки назорат мақсад неву воситаи ба мақсад расидан бошад, вай бояд шароити самаранокии хоҷагидориро таъмин намуда, сарфакорона амалӣ гардад. бошад. Ин қоидаро бояд тамоми фаъолияте, ки доир ба назорат мебошад, дошта бошад.
Мавҷуд набудани самаранокии иқтисодӣ аз назорат, нишондиҳандаи он аст, ки вай дараҷаи донистани ҳодисаҳоро аз тарафи роҳбар баланд карда наметавонад ва ӯро ба тарафи дигари дурӯғ равон мекунад.
Назорати самаранок фардӣ кунонида шудааст. Он бо мақсади аниқи ҷараёнҳо ва натиҷаҳо равона шудааст. Аз ин рӯ бо дарназардошти сифатҳои шахсӣ ва ҳолати одамон робитаи онҳо бо коллектив тақозо мешавад.
Нишонагирии назорат ба одамон дорои чунин мазмун аст, ки онҳо бояд софдилу беғараз бошанд, то ки ягон шахс ё объектро нодуруст баҳо надиҳанд. Чунин талабот дар асоси озодии ахбор, оммавӣ будани чорабиниҳо амалӣ мегардад. Назорат бояд бо хислати объекти худ мувофиқат намояд, зеро мақсади он фаҳмо будан мебошад. Ба роҳбар нишон додан зарур аст, шахсияти вай не, балки фаъолияти истеҳсолии он таҳлил карда мешавад. Аз ин ҷиҳат истифодаи усулҳое, ки одамон қабул доранд, дар назорат зарур мебошанд.
Иҷрои корҳо бояд, ки зери назорати идоракунӣ бошад. Аммо, ин набояд чунин бошад, ки коргар доимо онро ҳис кунад ва назоратро ҳамчун нобоварӣ ба худ қабул намояд. Аз дигар тараф, беназоратӣ низ, суст шудани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо