Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
идоракунӣ мебошад. Ҳаминро бояд қайд кард, ки имкони як бори зиёдтар сӯҳбат кардан бо роҳбар, пайдо кардани алоқа, муҳокимаи мушкилиҳои гуногун хоҳиши аксарияти иҷрокунандагон мебошад.
Роҳбаре, ки барои вай назорат қисми таркибии банақшагирӣ мебошад, бояд ҳангоми ҷорӣ кардани он бисёртар дар бораи одамон, баҳои меҳнатии онҳо фикр намуда, тамоми бартариятҳоро ҳавасманд намояд.
Ба шахсияте, ки назорати идоравӣ гузошта мешавад на аз рӯи вазифаи вай, балки сифатҳои шахсии он, хулқу атвори он, муносибати ҳамкорон ба вай, ба назар гирифта мешавад. Ҳар як одам пеш аз он, ки дигаронро назорат кунад, бояд, ки аввал худашро назорат карда тавонад.
Умуман, ба системаи назорати идоракунӣ хислати фаъолияти ташкилот, дараҷаи инкишофи он, омилҳои беруна, мавқеи менеҷерон таъсир мерасонад.
Дар ҷараёни назорат хатоҳои субъективӣ ва объективӣ дида мешаванд. Ин хатоҳо аслан чунинанд:
назорати бемаврид, яъне вобаста ба хусусияти шахсии роҳбар, на ба талаботи истеҳсолӣ;
назорат аз рӯи нобоварӣ, тақсимоти беандоза хурди вазифаҳо ва хислати аз ҳисоби дигарон зиндагонӣ кардани назоратчӣ;
назорат барои худнамоӣ;
нишонагирӣ ба таҷрибаи гузашта, анъана ва дигар нусхабардориҳо;
эътироф накардани сифатҳои хуби шахсони алоҳида;
омехта кардани нишондиҳандаҳо ва хулосаҳо;
мавҷуд набудани ахбор оид ба натиҷаи тафтиш;
Дар амалия шаклҳои зерини назорат ҷудо карда мешаванд:
- Аз рӯи шакл:
назорати анъанавӣ, фарқияти лоиҳавӣ, ҳақиқӣ ё намунаҳо;
назорати пешакӣ, фарқияти байни ҳолати ҳақиқии корхона ва мақсадҳои он;
назорати соҳибкорӣ, барои омӯзиши омилҳои беруна ва дохилаи соҳибкорӣ, муайян намудани омилҳои таъсиррасонӣ ва ҳамоҳанг сохтани мақсадҳо.
- Аз рӯи намуд:
молиявӣ;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо