Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

доираи охирини назорат, маркази асосии механизми робитаи мутақобил;

кулли фаъолияти шахсони вазифадор, қисми таркибии раванди қабул ва ҷорӣ намудани қарори идоракунӣ.

Дар системаи идоракунии назорат функцияҳои асосии зеринро иҷро мекунад:

тафтишотӣ - муайян намудани қонунӣ, мақсаднокӣ, асоснокии қарор, тафтиши иҷрои он, риояи талаботи техникӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, меъёрӣ ва иқтисодӣ, муайян кардани ғалатҳо ва қонунвайронкуниҳо;

ахборӣ - ҷамъоварӣ, коркард ва додани ахбор доир ба ҳолати объекти идоракунӣ;

ташреҳ - омӯзиши ҳолати ҳақиқии кор (диагностика) дар ташкилот ва муҳити он, муайян кардани тенденсияи асосии тағйирёбии он, хатар ва имконоти захираҳои пинҳонӣ;

ояндабинӣ - пешгӯиҳо доир ба асосҳои ҳолати ояндаи корхона, объекти назорат ба тағйирёбии параметрҳои вазифавӣ;

коммуникатсионӣ - таъмин намудан ва нигоҳ доштани робитаи мутақобил;

нишонагирӣ - ба чӣ бояд диққати махсус додан зарур аст;

ҳавасмандӣ - аз рӯи натиҷаи назорат додани баҳои ҳайат мукофот, ё ҷазо;

танзимкунанда - дар асоси маълумотҳои наратии ҳолат ва рафтори объект тағйир додан ба ҳамон тарафе, ки иҷрои вазифаро таъмин карда тавонад;

ҳимоякунанда - таъмин намудани нигоҳдории захираҳо.

Назорат дар асоси амалҳои муайян гузаронида мешавад. Дар мадди аввал назорат бояд, ки ҳамаи соҳаҳои фаъолият, равандҳо ва дигар ҳолатҳои дохили корхонаро дарбар гирад.

Албатта сухан дар бораи ҳар як чизи хурд, ё ҳодисаҳои ночиз нарафта, усулҳои бошууронаро дарбар мегирад. Аз ҷиҳати илмӣ асоснок шудани назорат, имкони гирифтани ахбори пурра ва зарурӣ, инчунин ҳаққонияти объективии ҳодисаро муайян созад.

Аз уҳдаи чунин шеваи назорат як нафар, ё гурӯҳҳои хурди одамон баромада наметавонанд. Барои иҷрои ин вазифа мебоист аксари ҳайати

пешина
аз 465
навбатӣ