Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Усули анъанавӣ - бо роҳи ба иҷрокунандагон супориш додан, коре, ки худӣ роҳбар иҷро карда наметавонад, сурат гирифта ва имкон медиҳад, ки дигарон ташаббус нишон дода, иҷро намоянд. Иҷрокунандагон дар нави роҳбарият ҷавобгар мебошанд. Усули Бад Гарсбурск, Р. Хен ба иҷрокунандагон на фақат иҷрои вазифа, балки масъулияти пурра дар назди роҳбарият, мегузорад.
Вобаста кардани ҳуқуқу масъулияти идоракунӣ талаб мекунад:
- аниқ муайян кардани ҳудуди масъулияти иҷрокунанда ва роҳбар;
- муайян кардани ҳолатҳое, ки иҷрокунандаи вазифа метавонад, мустақилона қарор қабул намояд;
Яке аз шаклҳои мубориза ба зидди бюрократияи идоракунӣ инкишофи усули коллективии идоракунӣ, усули идоракунии гурӯҳӣ, ки коллегиявӣ ва коллективӣ мебошад. Дар ин ҳолат, масъала дар шакли қабули қарори коллектив ё худ пешниҳод сурат мегирад.
3.9.5. Назорати идоракунӣ ва ҳуқуқҳои менеҷмент
Идоракунии ташкилот дар асоси ташкили системаи аниқи назоратӣ, ки тамоми фаъолияти корхонаро пурра дарбар мегирад бояд ба роҳ монда шавад, вагарна идоракунӣ далели худнамоӣ ва дурӯғро ба худ мегирад.
Назорат алоқамандии шаклҳои гуногуни фаъолиятро дар дохили ташкилот ва гурӯҳҳо алоҳида нигоҳ дошта, самаранокӣ ва ҳавасмандкунии онро бо роҳи таъсир расонидан ба равандҳои хоҷагӣ баланд мебардорад. Барои мустаҳкам кардани назорат усули назорати дуқарата, яъне ҳам барои иҷрокунандагон ва ҳам барои худи назоратчиён лозим мебошад.
Вазифаи назорати идоракунӣ пеш аз ҳама ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили ахбор доир ба фаъолияти ширкат ва гурӯҳҳои истеҳсолии он муқоиса ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ, муайян кардани фарқият, таҳлили сабабҳо, коркарди чорабиниҳо буда, барои ба даст овардани мақсадҳои ташкилот зарурат дорад.
Назорати идоракуниро дар се раванд дидан мумкин аст:
- ҳамчун фаъолияти системавии роҳбар ва органи идоракунӣ ва иҷрои яке аз функцияҳои асосии менеҷмент;

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо