Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
бо ҳам пайвастани миқдори максималии функцияҳои идоракунӣ дар зинаи
поёнӣ ва интегратсияи онҳо ба функцияҳои истеҳсолӣ;
даст кашидан аз махсусгардонии коргарон ва гузаштан ба интегратсияи
ихтисосӣ;
куллан кам кардани функцияҳои назоратӣ ва фармондиҳии роҳбарон ва
гузаштан ба амали дастгирӣ намудани иҷрокунандагон, расонидани ёрӣ ва
маслиҳатҳои судманд;
баланд бардоштани дараҷаи ахбории тамоми коргарон;
ҷорӣ намудани сиёсати «дарҳои кушод» раванди кушоди ахбор ва
мубодилаи озоди ахбор бо роҳбар;
гузаронидани фаъолияти корхона, сохторҳои таркибии он бо равияи иқтисодӣ.
- Ҳуқуқ ва масъулиятнокиро ба дигар роҳбарон вобаста намудан.
Чуноне ки қайд шуд, дар шароити ҳозира фақат як роҳбар имкони ҳалли мушкилиҳои идоракуниро надорад.
Бинобар ин, коркарди стратегӣ, назорат ва мушкилиҳои умумии идоракуниро ба дасти худ гирифта, роҳбар қисме аз вазифаҳои худро ба шахсони мушаххаси ҳайати идоравии худ медиҳад. Дар натиҷа, дар сохтори идоракунӣ аз нав тақсимкунии ратсионалии функцияҳои идоракунӣ ба вуҷуд меояд.
Дар амалия шаклҳои зерини ба дигарон вобаста намудани ҳуқуқҳои идоракуниро ҷудо мекунанд:
қисман ҳал намудани мушкилиҳои хурд, ки иҷрокунанда нисбат ба роҳбар
хубтар иҷро мекунад ва мефаҳмад;
иҷро кардани корҳои тайёрии ҳалли масоилҳо;
иштирок кардан дар чорабиниҳое, ки хусусияти ахборӣ доранд, баромад кардан дар мавзӯъҳои ҷамъбастӣ, истифодаи таҷриба ва ғайра.
Ҷараёни ба дигарон вобаста кардани ҳуқуқҳои идоракунӣ доир ба ҳар як вазифа алоҳида дида мешаванд.
Дар кишварҳои Ғарб асосан ду усули ба дигарон вобаста кардани идоракунӣ дида мешаванд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо