Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

супоришҳо пӯшонидани ахбори ҳақиқии фаъолияти корхона мегардад. Мутахассисон ҳисоб намудаанд, ки дар чунин ҳолат менеҷер ҳамагӣ 20-50% имконот, ё худ қобилияти кордонии худро сарф мекунанд.

  1. Мушкил будани ҳиссаи аниқи ҳар як коргар дар ҳадди охирини кори ташкилот.

Ҳолатҳое, ки дар боло номбар карда шудаанд ба фаъолияти кории роҳбарони ҳамаи зинаҳои идоравии ташкилоти бюрократӣ тааллуқ дорад. Рафтори роҳбарон ҳамчун воситаи нигоҳдории вазифаҳояшон бо кадом роҳе, ки набошад, ҳамчун сарчашмаи ягонаи зиндагонии онҳо ба ҳисоб меравад, чунки аксари роҳбарон ҳангоми таъин шудан ба вазифа фаромӯш мекунанд, ки ихтисоси пешинаашон чӣ буд ва мутахассис будани худро дар як муддати кӯтоҳ гум мекунанд. Аз ин рӯ, вай ба ҳар як ҳодисае, ки боиси хатари вазифадории ӯ мебошад, муборизаи ашаддӣ мебарад.

Дар чунин ҳолат танҳо коргарони оддӣ, балки менеҷерон низ, барои бехатарии худ ва сарфа кардани қувваи худ вазифаҳояшонро бо тарзи механикӣ шаклан иҷро карда, аз меъёрҳо ва қоидаҳои мавҷудаи асосӣ берун намебароянд. Онҳо кӯркурона ба фармони роҳбарон итоат карда, ба самараи намуди зоҳирӣ диққат медиҳанд, ки аз тарафи роҳбарият баҳо дода мешаванд. Ҳамаи ин боиси қабули қарори ғайривоқеӣ мегардад.

Барои нишон додани шахсияти худ, коргарони дастгоҳи идоракунӣ барои худ шаклҳои иловагии фаъолиятро фикр мекунанд, ки барои ташкилот мутлақо лозим нест, лекин роҳбар метавонад вазифаи нав гирад. Ин фаъолият барои аксар роҳбарону коргарони корхонаи Тоҷикистон рост меояд. Масалан, ҳолатҳое дида мешаванд, ки коргарони корхона 3-4 моҳ маош нагирифтаанду корхона қарздор мебошад, роҳбар барои худашро нишон додан ба ҳар гуна ҳашарҳо, шанбегиҳо, фондҳо ва кӯмакҳои беғаразона пул гузаронида, худнамоӣ мекунад. Мавридҳои дигар низ ҳастанд, ки роҳбари корхона медонад, ки маҳз коргарони алоҳида боиси монеаи пешравии корхона ҳастанд. Синну соли аксари коргарон 65-70 соларо дарбар мегирад, аммо намехоҳад, ки онҳоро ба нафақа гусел намояд. Чунки бо коргарони ҷавони донишманд ин роҳбар аллакай кор карда наметавонад.

пешина
аз 465
навбатӣ