Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

худаш ҳаракат дорад ва нисбат ба қисмҳои алоҳидаи он, ки ҳаракат карда наметавонанд афзалият дорад, дидааст. Бартарияти бюрократияро М. Вебер дар тез қабул кардани қарор, паст будани дараҷаи муноқиша ва яккасардорӣ мебинад.

Ҳамин тариқ, «бюрократия» шакли махсуси ташкили меҳнати роҳбарон мебошад, ки самаранокии аниқи фаъолияти корхонаро дар асоси қоидаҳо ва меъёрҳои расмии қабулшуда таъмин менамояд.

Ташкилоти бюрократӣ дар дохили худ зиддият дорад. Аз як тараф роҳбарон тайёр ҳастанд, ки кадом фармон набошад, бе назардошти ҳолату захираҳо ва дар асоси фармонҳои болоӣ, ки вайрон кардани он ҷазои сахттар дорад, иҷро намоянд. Озодии рафтор хеле маҳдуд буда, муносибатҳои расмӣ бартарӣ доранд.

Дар натиҷаи амалияи фаъолият итоати қоидаҳо мақсади роҳбар мегардад: вуҷуд надоштани ҳавасмандӣ барои беҳтар кардани кор, бетарафии корӣ, демагогия, парастиши қоғазбозӣ, ҳавола кардани кор, расонидани масъалаҳо то номаълумӣ, маҳкум кардани тамоми эҷодкориҳо дар ҳайати коргарон қоидаҳое мебошанд, ки мутаассифона дар баъзе ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад.

Ташкилоти бюрократӣ як қатор хусусиятҳои кории худро дорад:

  1. Вобастагии пурра аз роҳбарият, ки ҳаракати барҳам додани дигар сарчашмаҳои даромади коргарро доранд (моликият, фаъолияти фардӣ ва ғайра).
  2. Ҳуқуқу ҷавобгарии паст нисбат ба идоракунӣ ва иҷрои вазифаҳо. Чунин як шароит имконоти минтақаи озодро барои гурӯҳҳои ғайрирасмӣ пайдо месозад, ки онҳо метавонанд фаъолияти корхонаро касод гардонанд. Аз тарафи дигар, чунин ҳолат ба пайдоиши реҷаи ҳукмронии шахсӣ оварда мерасонад, ки оқибат ба барҳам хӯрдани худи реҷа шароит пайдо мекунад.
  3. Ба уҳдаи роҳбарони бахши поёнӣ як қатор вазифаҳои васеъ, ки онҳо аз иҷрояшон намебароянд, гузошта мешавад. Дар натиҷа якбора ҳавасмандӣ ва ҳуқуқи онҳо маҳдуд карда мешаванд. Чунин муносибат ба кор боиси аз байн рафтани эҷодкорӣ, хоҳиши кори надоштан, зиддият ба аксари
пешина
аз 465
навбатӣ