Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
мавҷуд будани роҳбаре, ки моликият надорад;
тақсимоти аниқи меҳнат аз рӯи қоидаи функционалӣ, яъне аз рӯи фаъолияти махсуси алоҳидаи мутахассисон экспертҳоро истифода кардан, тақсимоти аниқи ӯҳдадориҳо дар байни онҳо;
мавҷуд будани дафтари «бюро» (офис), ки дар он ҷо ҳуҷҷатҳои асосӣ нигоҳ дошта мешавад ва ҷараёни идоракунӣ ташкил карда мешавад;
сохтори аниқи идоракунӣ аз рӯи қоидаи иерархия, ки вобаста ба зинаи идоракунӣ ва миқдори итоаткунандагон аниқ карда мешаванд;
ҷавобгарии ҳар як менеҷер дар назди роҳбар аз рӯи фаъолияти худ ва рафтори коргарон;
ӯҳдадории коргарон барои тамоми қувваро ҷиҳати беҳтаршавии ташкилот равона кардан ва итоати бечунучаро ба роҳбарият;
системаи қоидаҳои расмӣ, меъёр. Низомномаҳо, дастурамалҳое, ки ҳуқуқ ва ҷавобгарии роҳбарону коргарон ва рафтори онҳоро дар ҳолатҳои гуногун муайян сохта, фаъолияти онҳоро назорат ва ҳамоҳанг месозанд.
Бо ақидаи М. Вебер қоидаҳои зерин имкони истифодаи қобилияти кордонӣ ва ӯҳдоқории коргарро ҳангоми иҷрои кор баланд мебардорад:
сохтани системаи муносибатҳо дар асоси сохтори идоракунӣ, на дар асоси муносибатҳои шахсӣ;
мувофиқ будани таснифоти техникии коргар ба вазифааш, ки ӯро барои корро ҳал намудан ҳимоя мекунад;
интихоби кормандон аз рӯи қоидаи шаклӣ дар асоси рақобати расмии вазифадорӣ ва болоравии он. Аз рӯи ин қоида М.Вебер чунин меҳисобад, ки ин раванд имкон медиҳад, ки ба боло шахсони лаёқатманд пешниҳод карда шаванд;
ҳавасмандкунии коргарон мутлақо аз рӯи мувофиқати техникӣ сурат мегирад.
Ҳамаи он хусусиятҳо, ки дар боло номбар намудем, ба ақидаи М. Вебер фаъолияти роҳбаронро аниқ намуда, ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро осон карда, ҳосилнокии меҳнатро баланд мебардорад. М. Вебер дар системаи бюрократӣ, системаи бартарии аниқ, доимӣ, тартиботи хуби иҷрои корро дидааст. Системаи пурраи бюрократиро М. Вебер ҳамчун як «машина»-и мустақил, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо