Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

буда, ахбори глобалии ҷаҳониро доро мебошанд. Дар чунин корпорацияҳо сохтори зерини идоракунӣ истифода мешаванд:

  1. Макропирамидавӣ — дараҷаи стратегии баланди марказонидашудаест, ки барои чунин қарорҳо на фақат ҳукумати маҳалҳо, балки роҳбарони давлатҳо низ ҳавасманд мебошанд.

  2. Чатрӣ — фаъолияти ширкатҳоест, ки дорои стратегияи асосӣ буда, дар ҳар як давлат тибқи шароити маҳал, халқ, урфу одат ва анъана шӯъбаҳои худро ифтитоҳ менамоянд, ки дафтари намояндагии он ҳамон минтақа ба ҳисоб меравад.

  3. Интергломеративӣ — марказе, ки роҳбарии молиявӣ, назорат ва шӯъбаҳои мустақил дошта, стратегияи мустақили худро кор карда, амалӣ мегардонанд.

9.4. Роҳҳои беҳтар кардани идоракунии ташкилотҳо

  1. Консепсияи бюрократии идоракунӣ.

«Бюрократия» фаҳмиши системаи махсуси идоракунии ташкилот мебошад.
Бюрократия дар фаъолияти худ қоидаҳои махсусро қабул мекунад, ки ба қоидаҳои муосири илмии идоракунӣ мувофиқ намебошанд.

Инкишофи бюрократия ва ҳукмронии қоидаҳои кории вай дар натиҷаи раванди махсусгардонии соҳаи идоракунӣ ва зиёдшавии босуръати ахбор амалӣ мегардад. Дар натиҷа талабот ба мутахассисони штабӣ меафзояд ва ахбори мақоми онҳо мушкил мегардад. Ин раванд ба зиёдшавии мустақилят ва боқувватии роҳбарон оварда мерасонад.

Мутахассисон дар мамолики Ғарб ба ду гурӯҳ — бовиҷдон ва худпараст ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якуми роҳбароне мебошанд, ки вазифаи худро барои беҳтар шудани шароити зиндагии мардум равон карда, медонанд, ки онҳо низ ивазшаванда мебошанд. Гурӯҳи дуюм одамоне мебошанд, ки фақат фикри худашонро доранд ва барои ин ба ҳамаи кор тайёр ҳастанд.

Соли 1916 ҷомеашиноси бузурги олмонӣ М. Вебер шакли ғоявии идоракунии маъмуриро кор карда баромада, онро «бюрократия» номид. М. Вебер хусусияти фарқкунандаи бюрократияро чунин шарҳ додааст:

пешина
аз 465
навбатӣ