Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
дар солҳои охир, штаб-квартира инкишофи корпорартия ва системаи идоракунии он, • банақшагирии равандҳои марказонидан ва ғайримарказонидани истеҳсолотро ния дарбар гирифтааст. Масалан, шӯъбаи идоракунии инкишофи фирмаҳо корҳои зайлро иҷро мекунад:
- Фаъолияти ширкатҳоро вобаста ба талаботи бозор бо моли онҳо ба танзим медарорад.
- Фаъолияти шӯъбаҳое, ки самаранокии кори ширкатҳоро таъмин менамоянд, ба танзим медарорад.
- Алоқаи бевоситаро ба молтаъминкунандагон ва истеҳсолкунандагони ашёи хоми саноатии баландсифат нигоҳ дошта, ширкатро таъмин месозад.
- Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолиро аз ҳисоби технологияи нав, ташкили шӯъбаҳои нав, беҳтар кардани сохтори идоракунии ширкатҳо ҷустуҷӯ менамоянд.
- Таъминоти ахборро беҳтар менамояд.
«Офиси роҳбари асосӣ» - сохтори ташкилии корпорацияҳо ба ҳисоб рафта, дар он органи олии идоракунӣ - шӯрои директорён ва иттиҳодия вуҷуд дорад. Дар он ҷо пеш аз ҳама сиёсат ва стратегияи ташкилот, назорат аз рӯи фоида ва молия, роҳбарии стратегии захираҳо муҳокима карда мешавад.
Имрӯз корпорацияҳои калонтарини дунё марказҳои стратегии хоҷагиро (МСХ) ташкил намуда истодаанд, ки онҳо нақшаҳои мураккаби стратегияи корпорацияҳоро дар минтақаҳои гуногун месозанд.
Нишонаҳои воҳидҳои хоҷагии стратегӣ тақрибан аз қарори зайланд:
- вазифаҳои мавҷудан бозор;
- истифодаи захираҳои худӣ;
- фарқи асосии корхона аз рақибон;
- бартарияти рақобати корхона;
- мустақилият дар қабули қарорҳо;
- малакаи баланди дониши роҳбарият ва қабули қарори самаранок.
Дар замони ҳозира аксари фирмаҳои ҷаҳонӣ ба «корпоратсияҳои глобалӣ» табдил ёфтаанд, ки макони ягона надошта, соҳиби захираҳои калони сайёра

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо