Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар идоракунии ширкатҳои калон, ки аз гурӯҳҳои истеҳсолии мустақил ва ниммустақил иборат мебошанд, боз як сохтори нав, яъне «шуъба» (отделение) мавҷуд аст.

Шуъба гурӯҳи корхонаҳои монанди истеҳсолӣ, фурӯш ва марказҳои тадқиқотиро дарбар дошта, барои иҷрои мақсадҳои корхона фаъолият мекунад.

Дар ИМА солҳои 1950-1960 шӯъбаҳо бо истилоҳи «марказҳои фоида»
ёд мегардиданд. Шӯъбаҳо захираҳои дар ихтиёри худ доштаро истифода бурда, мустақилона шартномаҳои тиҷоратӣ мебанданд. Ғайр аз ин, фаъолияти ҷории корхонаҳошонро идора мекунанд ва назорати молиявӣ гузаронида, ба инкишофи иқтисодии онҳо кӯмак мерасонанд.

Аз тарафи дигар, озодии стратегии онҳо маҳдуд мебошад. Онҳо нақшаҳои стратегии дарозмуддат маблағгузориҳои инвеститсионӣ ва дигар тағйироти бузургро дар заминаи розигии ташкилоти болой мегузаронанд.

Солҳои охир фирмаҳои хориҷӣ, ки қисмати зиёди фаъолияти худро дар хориҷа мегузаронанд, аз 4 то 10 шӯъбаи худро якҷоя намуда, гурӯҳҳои нав месозанд.

Гурӯҳҳои нав бевосита ба роҳбари корпорация итоат намуда, ҳамчун бахши пайвасткунандаи байни онҳо баромад мекунанд.

Вобаста ба моҳияти умумифирмавӣ «гурӯҳҳои нав» истифодаи якҷояи илмӣ-техникӣ, коркарди захираҳои истеҳсолӣ, молиявӣ ва амсоли инро ҳамоҳанг сохта, назорат мекунанд.

Роҳбарии гурӯҳҳои навро асосан ноиби роҳбари ташкилот ба уҳда дорад, ки ӯ ҳукмдиҳандаи шӯъбаҳои штабии илмӣ, лоиҳавӣ, назоратӣ ва кормандии дастгоҳи бахши олӣ мебошад.

Сардори сохтори идоракунии корпорацияи шӯъба «Штаб — квартира»
ва «офиси роҳбари асосӣ» ном дорад, ки маркази стратегии онҳо дониста мешавад.

Дар «Штаб-квартира» тамоми хизматҳои корпоративӣ ҷамъ омадаанд, ки чунин вазифаҳоро иҷро мекунанд:
маркетинг, ояндабинӣ, банақшагирӣ, баҳисобгирӣ, назоратӣ, инкишофи КИТ, ҳамоҳангсозии фаъолият, ёрдамҳои зарурӣ ва ғайра.

пешина
аз 465
навбатӣ