Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар шароите, ки шаклҳои гуногуни моликият, корхонаҳои гуногун барои иҷрои кори якҷоя дар асоси шартнома, ё худ лоиҳаи махсус камар мебанданд, сохтори нави идоракунӣ, яъне ҳамоҳангсозии ҳуқуқҳо бо роҳи ташкили сохтори шабакавӣ ва доиравӣ ҷорӣ карда мешавад.

Алоқамандии шабакаҳо бо воситаи шабакаҳои коммуникатсионӣ корхонаҳо сурат мегирад.

Дар доираи як корхона объекти ҳамоҳангсозӣ метавонад гурӯҳҳои алоҳидаи корӣ, ки дар соҳаи технологияи баланд новобаста аз якдигар кор мекунанд, фаро гирад. Интихоб ва роҳҳои иҷрои қарор мустақилона буда, барои он иҷрокунандагон ҳаққи заҳмати худро мегиранд. Ин гурӯҳҳо назорати истеҳсолиро худашон гузаронида, назорати молиявиашонро бошад, маъмурияти корхона мегузаронад.

Шабакаҳо метавонанд, ки «доиравӣ» низ бошанд ва намояндагони як гурӯҳ, ё ташкилот дар органҳои идоракунии гурӯҳи дигар иштирок карда метавонанд.

Роҳбарияти сохтори шабакавӣ асосан функцияҳои зериро иҷро мекунанд:
ташаккул ва инкишофи шабакаҳо;
ҳамоҳангсозии фаъолият ва субъектҳо;
паҳн кардани ахбор;
маслиҳат ва ғайра.

Азбаски иҷрокунандагон пурра, ё қисман озод мебошанд ба дигар роҳбарияти шабакаҳо ҳуқуқи супориш доданро надоранд, ки ин модел шакли анархияро таҷассум менамояд (Нигаред ба расми 9).

Роҳбар
Роҳбар
Иҷрокунанда
Иҷрокунанда
Иҷрокунанда
Иҷрокунанда

Расми 9. Сохтори анархии идоракунӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ