Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Сохтори матритсавӣ - штабӣ барои роҳбарии барномаҳои гуногунфунксиягӣ истифода карда мешавад. Бо мақсади ҳамоҳангсозии ҳаҷми калони корҳо таъмини роҳбарии функция ва таҳлили лоиҳаҳо, сӯҳбатҳо штаби махсус ташкил карда мешавад.
Роҳбарии корхона
Роҳбарии сохтори таркибӣ
Роҳбарии штаби ҳамоҳангсозӣ
Роҳбарии гурӯҳи истеҳсолӣ
Иҷрокунандагони ҳамоҳангсозӣ
Иҷрокунандагони асосӣ
Расми 8. Сохтори матритсавӣ — штабии идоракунӣ.
Дар натиҷаи чунин сохтор бо роҳбари лоиҳа ва иҷрокунандагон як бахши иловагӣ яъне роҳбарӣ, ҳамоҳангсозӣ ва иҷрокунандагони ҳамоҳангсозӣ пайдо мешавад, ки асосан функцияҳои ёрирасонро иҷро карда, ҳуқуқи ҳақиқӣ ва натоиҷи лоиҳавӣ надоранд.
Сохтори матритсавии идоракунӣ дар иҷро кардани корҳои мақсаднок, лоиҳаҳои махсус хеле муҳим буда, имкон медиҳад, ки роҳбарони лоиҳаҳо ба вазифа дурусти иҷрошаванда дода, роҳбарии маъмурии идоракуниро ба он ҷалб накунанд. Дар идоракунии барномавии мақсаднок низ роҳбаронро аз барномаҳои комплексии мураккаб озод менамоянд, ки ба сохтори матрисавӣ шабоҳат дорад.
Дар чунин ҳолат самаранокии робитаҳои гурӯҳҳои истеҳсолӣ нисбат ба навоварӣ ва инкишофи ташкилот баланд шуда, роҳбарияти болой аз ҳамоҳангсозии шӯъбаҳо озод мегардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо