Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Инчунин як қатор масоилҳои дигари идоракунӣ дар корхонаҳое, ки сохтори бюрократии идоракунӣ доранд дида мешаванд. Пиромуни ин масъала, дар мавзӯҳои оянда таваққуф хоҳем кард.

Дар таҷрибаи амалӣ асосан се роҳи кам кардани дараҷаи бюрократияро дар ташкилот ҷудо мекунанд.

  1. Усули технократӣ - тавассути дохил кардани баъзе иловаҳо ва тағйирот дар механизми идоракунӣ, ки муқобилияти бюрократияро суст мегардонад, амалӣ мегардад.

  2. Усули бозорӣ - нишонагирӣ аз фаъолияти идоракунии бюрократӣ, мунтазам ба шароити нави бозориро ифода менамояд.

  3. Усули стратегӣ - нишонагирӣ ба усулҳои демократии идоракунӣ, бо роҳи ҷалб намудани роҳбарон бюрократҳо мебошад.

Амалӣ намудани ин усул дар шароитҳои зайл имконпазир аст.
❖ қабул намудани сохтори идоракунии ёзанда;
❖ ба дигар кас гузаштани ҳуқуқ ва ҷавобгарӣҳо;
❖ инкишоф додани усулҳои коллективии қабули қарорҳои идоракунӣ;
❖ ташаккули модели нави идоракунӣ;
❖ ҷорӣ намудани муносибатҳои иқтисодӣ дар системаи идоракунӣ;

Таҳлили ин усулҳо дар расм инъикос ёфтааст (Нигаред ба расми 10).

  1. Усулҳои ташкилӣ-иқтисодии мубориза бо бюрократия.

Ҳамчунон, ки дар фаслҳои гузашта таъкид гардид, яке аз сохторҳои самараноки идоракунӣ, сохторҳои барномавию мақсаднок ва матритсавӣ мебошад.

Дар сохтори матритсавӣ ва барномавию мақсаднок роҳбарони гурӯҳҳои истеҳсолӣ ва лоиҳаҳо байни якдигар функцияҳоро тақсим мекунанд, ки он системаи бюрократияро суст мегардонад.

Дар системаи доиравии сохтори идоракунӣ низ ҳамоҳангсозии фаъолияти роҳбарони зинаҳои гуногун дида шуда, назорати якдигариро таъмин менамоянд.

пешина
аз 465
навбатӣ