Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Кормандони дастгоҳ ҳуқуқҳои маслиҳатдиҳӣ, назоратӣ ва дигар ӯҳдадориҳо доранд, ки бо истилоҳи умумии «штаб» ёд мешавад. Коргарони штаб вазифаҳои зеринро иҷро мекунанд:

асосӣ (таҳлил, баҳодиҳӣ, банақшагирӣ, молиягузорӣ, назорат, қарори масъалаҳои кормандӣ ва ғайра).

ёрирасон (ҷамъоварӣ ва нигоҳдории ахбор таъминоти техникии идоракунӣ);

хизматрасонии шахсии роҳбар (ёрдамчӣ ё котибаи роҳбар).

Пайдоиши сохтори идоракунии хаттӣ — штабӣ вобаста аз мураккабӣ ва комплекснокии идоракунӣ пайдо гаштанд. Чунин сохтор як қатор камбудиҳои худро дорад, ки ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба инкишофи бюрократияи идоракунӣ оварда расонидааст.

Сохтори хаттӣ — функционалии идоракунӣ бо дарназардошти идоракунӣ ташкил карда шудааст. Сохтори мавҷудаи идоракунии хаттӣ — функционалиро аз лиҳози мундариҷа ва вазифаи худ ба 3 гурӯҳи калон ҷудо мешавад:

  1. Сохтори марказонидаи функсионалии идоракунӣ.

  2. Сохтори матритсавӣ.

  3. Сохтори матритсавӣ — штабӣ.

пешина
аз 465
навбатӣ