Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
донишҳои гуногунро талаб мекунад, ки як одам аз уҳдааш баромада наметавонад. Чунин як маҳдудиятро дар замони худ Ф. Тейлор хост, ки аз байн бардорад ва барои ин сохтори функционалии идоракуниро пешниҳод намуд.
РОҲБАР
Мутахассисони калон
Мутахассисони калон
Мутахассисони калон
Иҷрокунанда
Иҷрокунанда
Иҷрокунанда
Расми 3. Сохтори функционалии идоракунӣ.
Мувофиқи ин сохтор коргарон аз 8 роҳбари функционалӣ махсус супориш мегиранд (бо ҳамроҳии бригадир, усто). Дар корхонаҳо ба мутахассисони функционалӣ асосан муҳандис, сартехнолог, сариқтисодчӣ, сармуҳосиб ва ғайра мебошанд. Онҳо ба коргарон вазифаҳо, супоришҳои махсус медиҳанд, ки дар шароити махсусгардонӣ самараи калон медиҳанд.
Аммо дар шароити пешрафти илму техника ва мураккабии сохтори технологии корхона ин система аз уҳдаи идоракунӣ намебарояд.
Сохтори нави омехта хаттӣ-штабӣ ном гирифтааст, ки дар баробари роҳбарони хаттӣ гурӯҳи мутахассисоне ҷалб карда мешаванд, ки номи «дастгоҳ»-ро ба худ гирифтааст. Дар зинаи ташкилот ҳайати дастгоҳ мушкилиҳои умумии инкишофро ба уҳда доранд. Аммо дар ҳайати гурӯҳҳои меҳнатӣ вазифаҳои махсуси онҳо иҷро карда намешаванд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо