Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Вобаста ба афзоиши ҳаҷми ташкилот ва зиёд шудани тақсимоти меҳнат гурӯҳҳои меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд. Дар ин маврид сохтори идоракунӣ мураккаб гашта, аз якзинагӣ ба дузинагӣ (роҳбари корхона — роҳбари гурӯҳ) мубаддал мегардад.

Роҳбари корхона равия ва ҳамоҳангсозии корҳои ҷориро ба уҳда дорад.
Вобаста ба ин сохтори идоракунӣ шакли зеринро мегирад.

РОҲБАР

Роҳбар

Роҳбар

Иҷрокунанда

Иҷрокунанда

Иҷрокунанда

Иҷрокунанда

Расми 2. Сохтори мураккаби хаттии идоракунӣ.

Дар расми боло сохтори хаттии мураккаб аниқ нишон дода шудааст.
Мувофиқи он ҳуқуқи идоракунӣ бевосита дар дасти роҳбар мебошад. Аммо дар ин сохтор истифодаи мутахассисон нишон дода нашудааст. Вазифа ва функцияи онҳоро роҳбар иҷро мекунад. Дар шароити мавҷуд набудани ахбор ва алоқаи горизонталӣ муҳлати қабули қарор, расонидани он ба иҷрокунандагон хеле тамдид меёбад.

Афзоиши ҳаҷми корхона ва мураккаб шудани фаъолияти ташкилот, махсусан дар корхонаҳои саноатӣ ба он оварда расонидааст, ки шӯъбаҳо ва гурӯҳҳои меҳнатӣ аз рӯи қоидаи функционалии идоракунӣ амал мекунанд (истеҳсол, фурӯш, идоракунӣ, молия ва ғайра).

Ин сохторҳои таркибиро дар шакли расмӣ сех, ё корпус мемонанд.
Сохтори органҳои идоракунии онҳо дар асоси қоидаи хаттӣ ташкил карда шудааст, ки аз 3 то 5 зина доранд. Роҳбарии муваффақона дар чунин шароит

пешина
аз 465
навбатӣ