Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ташкилотро муайян месозад. Дар аксар корхонаҳо органи олӣ, шӯроҳо, ё шӯрои директорон, шӯрои саҳҳомӣ, корхонаҳо ва ё маҷлиси умумӣ мебошад.

Дар корхонаҳое, ки аз рӯи қоидаи яккасардорӣ амал мекунанд, органи олӣ директор, ё раёсати корхона мебошанд. Органи олии идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ маҷлиси умумии соҳибкорон мебошанд.

Дар ин бобат, нақша ягонаи корпоративӣ барои тамоми мамлакатҳо вуҷуд надорад. Онҳо дар ҳар як давлат ба таври гуногун тарҳрезӣ шудаанд. Дар аксари ширкатҳои хориҷӣ, махсусан ширкатҳои амрикоӣ «шӯрои директорон» ҳамчун шакли умумӣ қабул шудааст.

Органи олии идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ «шӯрои хоҷагидорон» мебошад. Шӯро, роҳбарият ва директорро интихоб намуда, дирексияи иҷроияро ташкил мекунанд, ки аксари барномаҳоро тасдиқ менамоянд.

Вазифаи органи олии идоракунии ташкилоти ғайритиҷоратӣ бошад, таъмин намудани иҷрои мақсадҳое, ки онҳо ба миён гузоштаанд.

9.3. Шаклҳои сохтори идоракунӣ

Сохтори хаттӣ ва функционалии идоракунӣ. Хатти ӯҳдадориҳое, ки ҳар як субъекти идоракунӣ нисбат ба дигарон доранд, бунёди сохтори идоракунии ташкилот маънидод мешавад.

Дар корхонае, ки миқдори коргарон кам мебошанд ва қариб ҳама кори якхеларо иҷро карда, аз меъёри идоракунӣ зиёд намебошанд, сохтори идоракунии якзинагӣ ташкил карда мешавад. Сохтори идоракунӣ шакли оддии хаттӣро ба худ мегирад. Қабули қарор дар чунин корхонаҳо вазифаи як нафар (роҳбар, соҳибмулк) мебошад. Вай тамоми фаъолиятро ба иҷрокунандагон равона месозад ва мустақилона ҳуқуқи идоравиро соҳиб мегардад.

пешина
аз 465
навбатӣ