Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳуқуқи функсионалӣ дар шароити алоқаҳои бавосита ба вуҷуд меояд. Он дар асоси қабули қарори роҳбарон, ки фаъолияти коргаронро ба танзим медарорад, ба миён меояд. Аммо, коргарон роҳбарони хаттии худро доранд.
Мисол, сардори шуъбаи банақшагирӣ, ё шуъбаи кормандон қароре қабул мекунад, ки коргарон новобаста аз хоҳиши роҳбари бевоситаашон бояд, ки иҷро кунанд.

Ҳуқуқи функсионалӣ бо ҳуқуқҳои марказонидашуда бояд мувофиқат
намояд, яъне сардори ин шуъбаҳо аз номи гурӯҳи роҳбарон баромад мекунад;

Ҳуқуқҳои тавсиявӣ — дар мавридҳое ба вуҷуд меояд, ки вобаста ба зарурати истеҳсоли қарорҳои лозимӣ қабул карда мешавад, аммо иҷрои он муҳим ба назар намерасад.

Ҳуқуқи назоратӣ-ҳисоботӣ — дар асоси супориши маъмурияти корхона шуъба, комиссия ё гурӯҳ метавонад, ки фаъолияти роҳбарон ва иҷрокунандагонро тафтиш карда, аз онҳо ахбори заруриро талаб намуда, ба роҳбарият пешниҳод намояд.

Ҳуқуқи ҳамоҳангсозии фаъолият дар ҳолати коркард ва қабули қарори якҷоя гузаронида мешаванд.

Ҳуқуқи мувофиқа — мувофиқати ҳатмии гурӯҳи роҳбароне мебошад, ки қарорҳои худро дар доираи қонун ба роҳбарони хаттӣ ва функсионалӣ пешниҳод менамоянд.

Ҳуқуқҳои идоракунӣ аз ҷавобгарӣ дур намебошанд. Ҳар як шахсе, ки чунин ҳуқуқро дорад дар назди қонун, коллективи корхона ва ҷамъият ҳисобот медиҳад ва барои қарори қабул кардааш ҷавоб медиҳад.

Дар объектҳои идоракунӣ ду шакли ҷавобгарӣ вуҷуд дорад:

  1. Умумӣ.
  2. Функсионалӣ.

Ҷавобгарии умумӣ дар объекти идоракунии худ муҳайё намудан ва амалӣ
гардонидани ин ё он фаъолиятро ифода мекунад;

Ҷавобгарии функсионалӣ иҷрои аниқи функцияи кории роҳбарро менамонд.

Ҳуқуқи органҳои олии идоракунӣ. Органҳои олии идоракунии корхонаҳо
сохтори идоракуниест, ки қарори стратегии идоракунӣ қабул намуда, тақдири

пешина
аз 465
навбатӣ