Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Камбудиҳои идоракунии марказонидашуда чунин натиҷаҳои номатлуб ро ба бор меоранд:
суръати ҳаракати ахбор суст гардида, аксар маврид пас аз якчанд давраро гузаштан мазмунашро тағир медиҳад;
қарорҳои муҳимро роҳбарияти олӣ қабул карда, ҳолати мушаххаси корхона ва муҳити онро хуб намедонанд ва дар натиҷа қарори қабулкардаи онҳо иҷро намегардад.
Бартариятҳои идоракунии ғайримарказонидашуда аз қарори зайл аст:
суръати тези қабули қарор ва мустақилияти он бевосита аз ҷониби иҷрокунандагон;
дар қарорҳо инъикоси реалии ҳолатҳо дида мешаванд;
даст кашидан аз дастурамалҳои зиёди марказонидашуда имкон медиҳад, ки ахбори идоракунӣ кам гардида, идоракунӣ сода гардад;
нишонагирии иҷрокунанда барои натиҷаҳои аниқ на барои иҷрои нишондиҳандаҳои аз боло аниқшуда;
имкони омӯзиши ҳайати корхона;
имкон додан ба коргарон барои истифодаи қобилияти худ ва баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо.
Шаклҳо ва ҳуқуқҳои идоракунӣ дар ташкилот бо шеваи зерин ҷудо карда мешаванд:
ҳукмдиҳанда;
тавсиягӣ;
ҳамоҳангсозӣ;
назоратӣ — ҳисоботӣ;
мувофиқавӣ.
Ҳуқуқи ҳукмдиҳанда - дар он зоҳир мегардад, ки шахси вазифадор қарори идоракуние қабул мекунад, ки иҷрои он барои итоаткунандагон ҳатмӣ мебошад. Ин ҳуқуқҳо ба гурӯҳҳои умумӣ, хаттӣ ва функционалӣ ҷудо мешаванд. Ҳуқуқҳои умумиро роҳбарони бахши болоии ташкилот директор, шӯроҳо, иттиҳодҳо доро мебошанд ва онҳо дар мақсадгузорӣ, коркард, стратегия, назорати умумӣ ва фаъолият дар ҳолати фавқулода истифода мегарданд.
Ҳуқуқи хаттӣ - ҳангоми идоракунии фардӣ ба миён меояд, яъне ба воситаи иҷрои вазифавии роҳбарон амалӣ мешавад.

пешина
аз 465
навбатӣ