Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Марказонидан ва ғайримарказонидани идоракунӣ метавонад ба самтӣ ва ба дохил густариш ёбад.
Дараҷаи марказонидани (ғайримарказонидани) идоракунӣ ба ҳолатҳои зерин вобаста аст:
зарурияти тақсимоти захираҳои камёфт ва ҷорӣ намудани сиёсати ягона дар ҳамаи гурӯҳҳои корхона, ки дар ҳолати ғайримарказонида имконият надорад;
вобаста ба хароҷоти масоилҳои идоравӣ, яъне ҳарчанд ки ҳалли масъала маблағи зиёдро талаб намояд, ҳамон андоза ҳалли онро органҳои болоӣ бояд ба ӯҳдаи худ гиранд;
вобаста аз моҳияти масъала, яъне масъала мушкилиҳои калонро ва ҳамоҳангсозии фаъолияти якчанд гурӯҳҳоро дарбар гирад.
дар корхонаҳое, ки маҳз тавассути идоракунии марказонидашуда самаранок мебошанд, ҷорӣ намудани фаъолияти махсус;
тағйирот дар муҳити корхона;
анъанаҳои таърихӣ ва фикру ақидаҳои роҳбарияти олӣ;
тайёр будани кормандон барои фаъолияти мустақил.
Дараҷаи марказонидаи идоракунӣ дар партави амалҳои зайл ба вуҷуд меояд:
ҳиссаи қарорҳое, ки дар табақаи болоӣ қабул карда мешаванд;
дараҷаи қабули қарорҳои муҳим;
ҳиссаи коргарон дар идоракунии ташкилот;
мухторият дар идоракунӣ;
дараҷаи ҷалб кардани коргарон дар қарори идоракунӣ.
Бартарияти идоракунии марказонидашуда амалҳои зайлро дарбар дорад:
осон шудани марказонидани қувва барои тадқиқотҳои илмӣ ва ихтироот;
барҳам додани табақаҳое, ки функцияҳои якдигарро такрор мекунанд ва ё манбаи исрофкорӣ мебошанд;
марказонидани ҷараёни қабули идоракунӣ дар дасти шахсоне, ки ҳолатҳои хубро дарк мекунанд ва донишу таҷрибаи кофӣ доранд;
осон кардани назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар доираи корхона;
беҳтар шудани истифодабарии таҷриба ва дониши ҳайати идора.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо