Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳудуди ҳуқуқҳо дар зинаҳои муайяни иерархия маҳдуд карда мешаванд, ки ин як қатор сабабҳои худро доранд:
❖ мураккабии масъала;
❖ зарурият ба ҳалли саривақтии масъала;
❖ гуногуншаклии масъалаҳо.

Аз тарафи дигар, омилҳои дараҷаи тақсимоти меҳнат, коммуникатсия ва ҷараёни мунтазами истеҳсолӣ таъсир мерасонанд.

Дар аксар мавридҳо ҳудуди ҳуқуқҳои идоракунӣ ба хусусияти шахсии иҷрокунандагон вобастагӣ дорад. Ҳарчанд, ки роҳбар дониши мукаммали касбии дорои таҷриба ва кордон бошад, ҳуқуқҳо мумкин, ки зиёд бошанд.

Омили дигари ҳуқуқҳои идоракунӣ имконоти ташкилии кор дар корхона мебошад. Дуруст ташкил намудан ва оқилона истифода бурдани захираҳо ва дигар унсурҳои идорӣ ба осонии ҳуқуқҳои идоракунӣ мусоидат мекунад.

Омили охирин ин муҳити рӯҳиву маънавӣ мебошад. Агар муҳит солим бошад, иҷрокунандагон мустақилияти бештарро доранд. Ҳангоми тақсимоти ҳуқуқҳои идоракунӣ ҳолатҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:

  1. Ҳуқуқҳо бояд барои иҷрои вазифаҳо кифоя бошанд.
  2. Ҳуқуқҳо ба уҳдадориҳои шахсони дигар робита дошта, субъектро маҷбур намоянд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намояд. Бинобар чунин тақсимот самаранокии истифодаи ҳуқуқҳо меафзояд.
  3. Ҳадди ҳуқуқи идоракунӣ дар ташкилот бояд аниқ бошад, то ки ҳар як шахси вазифадор ва иҷрокунанда донад, ки кадом ҳуқуқҳоро дорад ва ҳудуди идоракунии вай аз куҷо сар шуда дар куҷо анҷом меёбад.
  4. Иҷрокунандагон вазифадор ҳастанд ҳамон уҳдадориҳоеро иҷро намоянд, ки дар доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо амал мекунанд ва барои ин амалашон масъул бошанд.

Марказонидан ва ғайримарказонидани ҳуқуқҳои идоракунӣ.

Ҳуқуқҳои идоракунӣ доимо якхела набуда, дар онҳо тағйирот ва тафовути назаррас дучор мешавад. Дар ҳолате, ки аксари ҳуқуқҳо ба боло дода шудаанд, хусусияти марказонидан ва дар ҳолати баръакс хусусияти ғайримарказонидан ҷой дорад.

пешина
аз 465
навбатӣ