Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
Дар шароити имрӯзаи иқтисодию иҷтимоӣ ягон роҳбар қудрати танҳо иҷро кардани масоилҳоро надорад. Чунин шароит мураккаб буда, якчанд сабаб дорад:
- Мушкилот зиёд аст ва вақт барои роҳбар кифоягӣ намекунад.
- Масоилҳо ҳатман дониши баланди касбиро талаб мекунанд ва таҷрибаи кории як нафар басанда нест.
Бинобар ин, роҳбари аввалро зарур аст, ки мушкилиҳои корхонаро вобаста ба ҳуқуқҳои роҳбарони гурӯҳҳо тақсим намояд.
Тақсимоти ҳуқуқҳои идоракунӣ дар корхона бо ду роҳ ҷорӣ мегардад:
- Тақсимоти ҳуқуқҳо.
- Яккасардорӣ.
Ин тақсимот чунин маънидод мешавад, ки роҳбар дар худ роҳбарии умумиро боқӣ монда, ҳуқуқҳои идоракунии ташкилотро ба дасти роҳбарони махсуси функционалии худ медиҳад.
Ҳар як роҳбар барои вазифаи худ пурра ҷавоб гуфта, масъулияти том зоҳир менамояд.
Яккасардорӣ низ аз ҷумлаи равандҳои идоракунӣ буда, дар ҳолате ҷорӣ мегардад, ки тамоми масъулият ба зиммаи як роҳбар гузошта шуда бошад.
Асосан чунин шакли идоракунӣ дар корхонаҳои хурд ва махсус, ки на он қадар хусусияти фаъолияти тағйирёбанда доранд амал мекунад.
Усули дигари ҳуқуқҳои идоракунӣ системаи тақсимоти ҳуқуқҳо ва итоатгарии бисёртабақавӣ шуморида мешавад. Ин усул чунин ҳолате мебошад, ки роҳбари табақаи болоӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои худро ба табақаи поёнӣ дода, ҳақ дорад, ки доимо дахолат карда, ҳуқуқҳои худро истифода кунад.
Тақсимоти ҳуқуқҳои идоракунӣ имкон медиҳад, ки роҳбари табақаи поёнӣ дар доираи фаъолияти худ баъзе ҳуқуқҳоро истифода карда, ба роҳбарияти болоӣ, ё поёнӣ маслиҳат накунад. Дар натиҷа, иерархияи идоракунӣ пайдо мешаванд, яъне масъалаҳо ҳолати зинавӣ мегиранд ва масъалаҳои хурдро табақаи поёнӣ ва масъалаҳои бузургро табақаи болоӣ ҳал мекунад.
Иерархия гуфта, омили асосии батартибдарории фаъолияти гурӯҳҳои истеҳсолӣро дар ташкилоти калон, яъне тақсимоти аниқи ҳуқуқу уҳдадориҳои идоракуниро меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ