Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҳамоҳангсозӣ, ки бештар маълум аст, раванди батанзимдарории ташкилот ба ҳисоб меравад.

Батанзимдарорӣ - бартараф намудани каҷравиҳо, аз вазифаи идоракунӣ, берун, ё худ фаъолияти истеҳсолиро мувофиқи мақсади корхона ба роҳ мондан. Батанзимдарорӣ бо роҳҳои зайл иҷро мешавад:
стандартизатсия ва дохил намудани қоидаҳо ва меъёрҳои нав;
илова кардани табақаи нави идоракунӣ;
мақсадгузорӣ ва вазифагузорӣ ва лимити аниқи захираҳо;
ташкил намудани лоиҳаҳои алоҳида ва таъини шахсони масъули иловагӣ;
бо роҳи ахбори пурраи фаъолияти ва таҳлили он;
ташаккули мақсаднокӣ ва навовариҳо дар фаъолият.

Батанзимдарории уфуқӣ дар байни табақаҳои якхелан зинаи идоракунӣ мегузарад, ки чунин аст:

  1. Алоқаи бевоситаи шахсӣ дар байни менеҷерон.
  2. Истифодаи сохтори машваратӣ.
  3. Сохторҳои ғайрирасмии иртиботӣ.

9.2. Ҳуқуқҳои идоракунӣ дар ташкилотҳо

Ҳуқуқҳои идоракунӣ гуфта, кулли ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои расмиро оид ба қабули мустақилонаи қарор, супориш додан ва дигар фаъолияти иловагиро барои манфиати ташкилот меноманд.

Ҳуқуқҳои идоракунӣ аз ҷониби роҳбарон дар ҷараёни иҷрои вазифаи функционалӣ истифода мегарданд.

Ҳуқуқҳои идоракунӣ, инчунин супоришҳои алоҳидаи шахсони вазифадор ва ё гурӯҳи одамонро ифода менамояд.

Илова ба ин, ҳуқуқҳои идоракунӣ ҳудудҳои идоракуниро муайян сохта, истифодаи захираҳо ва амалҳои ташкилиро ба танзим медарорад.

Ҳуқуқҳои идоракунӣ дар асоси дастурҳои вазифадорӣ, низомномаҳо, қоидаҳо, қонунҳо, супоришҳои даҳонӣ ва хаттӣ низ амалӣ мегарданд.

пешина
аз 465
навбатӣ