Зеҳн
Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Вобаста ба хислатҳои алоқамандӣ ду навъи он, бевосита ва бавосита ҷудо карда мешаванд.

Алоқамандии бевосита — алоқамандие мебошад, ки субъектҳо бевосита иштирок доранд. Дар алоқамандии бавосита ҳолате мушоҳида мегардад, ки субъектҳо иштирок надошта, ба воситаи дигар роҳҳо супоришҳо гирифта, иҷро карда мешаванд.

Аммо, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷа навъҳои техникӣ, ахборӣ ва маъмурӣ.

Алоқамандии техникӣ дар ҷараёнҳое ҷой дорад, ки ба қарори идоракунӣ тааллуқ надоранд (коргузорӣ, нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, хизматрасонии хоҷагӣ ва ғайра).

Дар ҷараёни алоқамандии ахборӣ субъектҳо маълумотро мубодила менамоянд, ки барои ҳалли қарори идоракунӣ кӯмак мерасонад. Ин маълумотҳо расмӣ ва ғайрирасмӣ мебошанд.

Дар ҷараёни алоқамандии маъмурӣ иҷро карда мешаванд:

Додани ҳуқуқи идоракунӣ ба табақаҳои поёнӣ аз тарафи табақаҳои болой;

назорати кори онҳо;

ҳамоҳангсозии фаъолият.

Алоқамандии маъмурӣ амудӣ ва уфуқӣ мешаванд:

Алоқамандии амудӣ — ин интегратсияи тамоми табақаҳои идоракунӣ бо роҳи итоаткунӣ ба маркази роҳбари болоист. Ин раванд дар асоси супориш ҷорӣ мегардад.

Алоқамандии уфуқӣ — бошад фазогӣ ё худ ҳамоҳангсозии фаъолият доир ба иҷрои мақсадҳои умумии корхона мебошад.

Идоракунӣ тавассути ҳукм ва итоаткунӣ ба дараҷаи вазифадорӣ, яъне дар асоси раванди субординатсия амалӣ мегардад. Табақаи болоии идоракунӣ ҳуқуқи фармоишдиҳии табақаи поёниро доранд. Барои он ки механизми субординатсия вайрон нашавад, механизми иловагии ҳамоҳангсозии фаъолият ташкил карда мешавад.

Ҳамоҳангсозӣ дар асоси истифодаи ратсионалии мубодилаи ахбор, интегратсияи қувваҳо барои иҷрои мақсадҳое, ки устуворӣ ва ягонагии сохтори идоракунии ташкилотро таъмин месозад, ҷорӣ мегардад. Яке аз роҳҳои

пешина
аз 465
навбатӣ